Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ба иттилоъ мерасонад, ки шурӯъ аз 1 марти соли 2020 раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 60 рӯз ба ҳукми амал даромад.
Раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 90 рӯз амал карда, дорандаи он метавонад дар ҳудуди ҷумҳурӣ на зиёда аз 60 рӯзи тақвимӣ аз санаи вуруд қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дода мешавад, ки ҳуқуқи гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби соддакардашуда доранд.
Дархости гирифтани раводид тавасути сомонаи https://www.evisa.tj сурат мегирад.
