9 майи соли 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Cоҳибназар Ғайратшо ва сафирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ифтихори 75-солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи маҷмааи ёдгории ҷанговарони шӯравӣ дар боғҳои Трептов ва Тиргартени шаҳри Берлини Олмон гулчанбар гузоштанд.
Дар чорабиниҳои поси хотири ҷанговарон Сарвазири музофоти Саксония, Бургомистри шаҳри Берлин Михаел Мюллер ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ҳамасола дар шаҳри Берлин ва дигар минтақаҳои Олмон чорабиниҳои гуногун бахшида ба поси хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегарданд, ки зиёда аз 100 ҳазор нафари онҳоро зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Сафири Тоҷикистон дар паёми шодбошии худ бахшида ба Ҷашни Ғалаба, ки дар рӯзномаи “Берлинер Телеграф” ба табъ расид, саҳми мардуми тоҷикро чи дар ҷабҳа ва чи дар ақибгоҳ таъкид намуда, муттаҳидӣ ва ягонагиро яке аз муҳимтарин омилҳои ғалаба номид ва аз насли ҷавон тақозо намуд, ки поси хотири қаҳрамонони тоҷик ва муборизони роҳи озодӣ ҳамеша ба ҷо оварда шавад.