Хабар аз Сенати Берлин 05/19/2020

22.05.2020 14:08

19 майи соли 2020 Сенати Берлин тағиротро дар бораи бекор кардани карантини хонагии ҳатмии 14-рӯза барои ашхосе, ки аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Исландия, Лихтейнштейн, Норвегия, Швейтсария ва Шоҳигарии Британияи Кабир ба музофоти федералии Берлин меоянд, қабул кард.

Барои шахсоне, ки аз дигар кишварҳо меоянд, ӯҳдадории карантин новобаста аз он, ки онҳо мустақиман ба Берлин ё тавассути яке аз музофотҳои федералии дигар омадаанд, амал мекунад.

Амали карантин инчунин ба шахсон аз кишварҳое дахл дорад, ки мувофиқи маълумоти омори Институти ба номи Роберт Кох дар он ҷо дар 7 рӯзи охир зиёда аз 50 ҳолати сироятёбӣ дар 100 ҳазор аҳолӣ ба қайд гирифта бошанд.

Умуман ҳама истисноҳо ва озодкуниҳо аз ӯҳдадориҳои карантинӣ минбаъд низ эътибор хоҳанд дошт, агар шахсони мазкур мувофиқи меъёрҳоои мубрами Институти ба номи Роберт Кох ягон нишонаҳои беморӣ надошта бошанд.

koronavirus-v-berline-opustevsij-berlin-aprel-2020-3858-5e9ec2f802a72.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg