“Мо ба оянда нигариста муқобили чолишҳо меистем”

06.02.2019 14:10

     foto-botschafter_thumb.jpg   Оғози соли 2019 муcоҳибаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо рӯзноманигорони маҷаллаи “Wostok” дар шумораи навбатии маҷалла бо забони олмонӣ ба интишор расид.

 Дар мусоҳиба зери унвони “Мо ба оянда нигариста муқобили чолишҳо меистем” нуктаҳои асосии Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дарҷ гардида, бо шарҳи ҳадафҳои стратегии кишвар саноатикунонӣ ҳамчун омили рушд, кишоварзӣ ва туризм самтҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон унвон гардиданд.

 Дар гузориши нашршуда дар ҳаҷми 8 саҳифа дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, аз ҷумла ифтитоҳи чархаи нахустини “Роғун”, ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани унсурҳои матлуби фарҳангии тоҷик, марҳалаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 ва имкониятҳои иқтисодиву сайёҳии кишвар муаррифӣ гардиданд. Ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар асоси “Сиёсати дарҳои кушод”, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ будани кишвар низ аз ҷумлаи мавзӯҳои муҳовара ба ҳисоб меравад.

Сафири Тоҷикистон зимни мусоҳиба зикр намуд, ки барои соҳибкорони аврупоӣ дар Тоҷикистон заминаҳои хуби ҳамкориҳо ва сармоягузорӣ вуҷуд дорад. Соҳибназар Ғайратшо аз доираҳои иқтисодиву тиҷоратии Олмон даъват ба амал овард, ки аз афзалиятҳои мавҷуда, аз қабили қувваи арзони корӣ, барқи арзон ва инфрасохтори мусоид истифода бурда, бо шартҳои мутақобилан судманд ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд. Ӯ ҳамчунин аз хабарнигорони кишвари иқомат дархост намуд, ки рушди бемайлон ва дастовардҳои Тоҷикистон дар рӯзномаву маҷаллаҳои Олмон воқеъбинона ва мусбӣ инъикос гарданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg