Татбиқи ташаббуси «Осиёи Марказии сабз» дар Тоҷикистон

11.06.2020 19:11

Имрӯз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо бо намояндагони Институти пажӯҳиши паёмадҳои тағйири иқлим дар шаҳри Потсдами Олмон баргузор гардид.

Зимни мулоқот дар баробари ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар бобати об ва захираҳои он, роҷеъ ба сатҳи татбиқи амалии ташаббуси «Осиёи Марказии Сабз» ва дурнамои он дар давраи баъди коронавирус мубодилаи афкор сурат гирифт.   Ин ташаббуси байналмилалии Олмон моҳи январи соли 2020 бо ширкати вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон шурӯъ гардида буд.

Мутахассисони олмонӣ имрӯзҳо бо ҳамтоёни тоҷик дар бобати ҷилавгирӣ аз паёмадҳои гармшавии иқлим, омӯзиши пиряхҳо ва таъсири он ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт ҳамкориҳои густардаро ба роҳ мондаанд.

Сафири Тоҷикистон аҳамияти Маркази пиряхшиносии назди Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои татбиқи ин ташаббус муҳим ҳисобида дархост намуд, ки барои тақвияти зарфиятҳои он мусоидати техникӣ ва мубодилаи таҷриба сурат гирад. Доктор Ҳаттерманн изҳори омодагӣ намуд, бо Академияи миллии илмҳо ва дигар донишгоҳҳои Тоҷикистон дар самти омӯзишу пажӯҳиш ва таҳияи моделҳои мухталифи рушд бо назардошти гармшавии иқлим ҳамкориҳои зичро ба роҳ монад. Мувофиқа ҳосил гардид, ки дар ояндаи наздик сафарҳои хизмативу кории коршиносони Тоҷикистону Олмон ба роҳ монда шаванд.

Aks-2.jpg

Aks-1.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg