Барномаи махсуси электронӣ барои пайгирии занҷираи сироятёбӣ ба коронавируси SARS-CoV-2

12.06.2020 11:56

Масъалаи пешгирии рушди минбаъдаи бемории сироятии коронавируси SARS-CoV-2 яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра ба шумор меравад.

Бо мақсади пайгирии занҷираи сироятёбӣ ба ин беморӣ Ҳукумати федеролии Германия тасмим дорад, дар рӯзҳои наздик барномаи махсуси электрониро ба кор андозад. Тибқи изҳороти Вазири тандурустӣ Йенс Шпан, барномаи Corona Warning App расман ҳафтаи оянда муаррифӣ карда шуда, истифодаи он ихтиёрӣ хоҳад буд.

Интизор меравад, ки барномаи мазкур дар тамоми намуди таҷҳизотҳои электронӣ дастрас гардида, барои муайян намудани манбаи паҳншавии вирус мусоидат намояд. Инчунин бо кӯмаки ин барнома шахсони бо нафари сироятёфта алоқадоштаро низ муайян кардан имконпазир мегардад.

Ба гуфтаи ҷаноби Шпан “Пешгирӣ аз вирус як амали дастаҷамъӣ мебошад. Ҳар касе, ки барномаро истифода кунад, барои ба ин мақсад расидан кумак мекунад”.

Corona-App-w960-h662-1.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg