18 июни соли 2020 мулоқоти кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Ҳамоҳангсози минтақавии Иттиҳодияи федералии соҳибкории миёнаи Олмон Райнҳолд фон Унгерн-Штернберг баргузор гардид.
Зимни мулоқот нуктаҳои муҳими Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 муаррифӣ гардида, дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои тиҷоратии хурду миёнаи Олмон дар давраи баъди бӯҳрони коронавирус матраҳ гардиданд.
Соҳибназар Ғайратшо қабули барномаи мазкурро дар тақвияти иқтидорҳои саноативу содиротии кишвар, беҳтаршавии некӯаҳволии мардум ва эҷоди ҷойҳои корӣ муҳим арзёбӣ намуда, онро яке аз абзорҳои муҳими ҳар чи зудтар ба эътидол овардани иқтисоди кишвар баъди бӯҳрони коронавирус номид. Воридоти технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат аз ҷумлаи муҳимтарин ҳадафҳои саноатикунонии кишвар ба ҳисоб рафта, рушд ёфтани саноати металлургия, маъданҳои куҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, коркарди маҳсулот ва саноати фармасевтӣ, қолинбофӣ, парвариши пилла ва соҳаи туризм барои соҳибкорони хурду миёнаи Аврупо шонси хуби ҳамкориҳоро пешниҳод менамояд.
Иттиҳодияи федералии соҳибкории миёна (BVMW) зиёда аз 900.000 соҳибкорони хурду миёнаи Олмонро муттаҳид намуда, манфиатҳои аъзои худро чи дар дохили кишвар ва чи дар берун аз он муаррифӣ менамояд. Иттиҳодия ба ин мақсад дар 40 кишварҳои дунё намояндагиҳои худро ифтитоҳ намудааст. Ҷонибҳо роҷеъ ба ифтитоҳи Дафтари Иттиҳодияи соҳибкорони Олмон дар Душанбе мубодилаи афкор анҷом доданд. Сафир ба ҷаноби Унгерн-Штернберг бастаи лоиҳаҳои сармоягузориро ҷиҳати таблиғи он дар доираҳои ҳавасманд пешниҳод намуд.