Сафари кории Сафир ба музофоти Баварияи Олмон

25.06.2020 15:32

24 июни соли 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо аз музофоти федеролии Баварияи Олмон боздид намуд. Дар мулоқот бо роҳбари департаменти робитаҳои иқтисодии хориҷии  Вазорати иқтисод, рушд ва энергетикаи ин музофот доктор Маркус Виттманн роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти федеролии Бавария мубодилаи афкор сурат гирифт.

Зимни мулоқот Сафир барномаи саноатикунонии босуръати кишварро муаррифӣ намуда, аз доираҳои иқтисодӣ ва сармоягузорони бавариягӣ даъват намуд, ки аз ин зарфиятхои мавҷудаи Тоҷикистон истифода баранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи  сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда, ҷалби Бавария дар коркарди маҳсулоти ватанӣ, рушди фармасевтика, баргузории форумҳои иқтисодӣ ва эътирофи санадҳои хатмкардагони муассисаҳои  таълими касбӣ мубодилаи афкор намуданд. Бавария нақша дорад бо муътадил шудани вазъ соҳибкорони бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ  аз Тоҷикистонро ба ш. Мюнхен и Олмон даъват намояд.

Худи ҳамон рӯз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Осорхонаи куҳнавардии шаҳри Мюнхен боздид ва бо роҳбарияти Иттиҳодияи куҳнавардони Олмон Фридерике Кайзер мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар осорхонаи мазкур санаду мадорики муҳим роҷеъ ба кашфиётҳои дар асрҳои гузашта анҷомдодаи кӯҳнавардони олмонӣ маҳфузанд, ки барои шинохти кишвар, равандҳои тағйири иқлим ва рушди сайёҳии кишварамон аҳамияти хос доранд.

Aksi-2.jpg

Aksi-1.jpg

Aksi-3.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg