25 июни соли 2020 дар шаҳри Мюнхени Олмон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Ғайратшо бо министериал-директор оид ба робитаҳои байналмилалии Дастгоҳи иҷроияи музофоти Баварияи Олмон доктор Томас Грубер сурат гирифт
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳои Тоҷикистону Бавария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар ва истифодаи зарфиятҳои ин музофоти саноатӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими кишвар табодули назар намуданд.
Ҳамчунин дар шаҳри Мюнхен вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо ноиби мудири Иттиҳодияи донишгоҳҳои Бавария Александр Фер баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Бавария табодули назар карданд. Сафири Тоҷикистон аз Иттиҳодияи донишгоҳҳои Бавария дархост намуд, ки барои омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ мубодилаи академикии донишгоҳҳои ҳар ду кишвар ба роҳ монда шаванд.