Лағви маҳдудиятҳои сафар ба Иттиҳоди Аврупо ва муқаррароти нав дар фурӯдгоҳҳо

30.06.2020 17:45

Давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо аз 1 июни соли ҷорӣ маҳдудияти вуруди мусофиронро аз як қатор кишварҳои вазъи эпидемиологияшон хуб лағв менамояд.

Тасмими мазкур нисбат ба 14 давлат: Алҷазоир, Австралия, Гурҷистон, Япония, Канада, Марокаш, Черногория, Зеландияи Нав, Руанда, Сербия, Кореяи Ҷанубӣ, Таиланд, Тунис ва Уругвай қабул гардида, бо назардошти вазъи эпидемиологии кишварҳо ин номгӯй мунтазам таҷдид карда хоҳад шуд. Дар баробари давлатҳои номбаршуда, ба шарти ҷавобан қабул кардани шаҳрвандони Итиҳоди Аврупо, маҳдудиятҳои вуруд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой низ бардошта мешавад.

Тибқи муқаррароти мазкур, ҳамчунин вуруд аз кишварҳои сеюм, ки нишондоди сироятёбӣ дар онҳо аз ҳисоби миёна дар Иттиҳоди Аврупо камтар аст, иҷозат дода мешавад. Дар шароити имрӯза, нишондиҳандаи сироят бояд ҳудуди 16 нафар  ба сари 100 ҳазор аҳолӣ ё аз он ҳам камтар бошад. Дар ҳолати ҷойдоштаи эпидеологӣ дар ҷумҳурӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи вуруд ба Иттиҳоди Аврупоро хоҳанд дошт, аммо ин рӯйхати кишварҳои сеюм вобаста ба вазъи эпидемиологии давлатҳо ҳар ду ҳафта таҳрир мегардад.

Лозим ба ёдоварист, ки сарҳадҳои дохилии минтақаи Шенген аз 15 июни соли равон боз карда шудаанд. Ҳамин тариқ, дар оғози таътилҳои тобистонаи мактабӣ, шаҳрвандони 26 кишвари Шенген имконияти сафарро ба кишварҳои минтақа пайдо намуданд.

Баъди боз шудани сарҳадҳо ва дар зарфи беш аз ду ҳафтаи фаъолияти фурудгоҳҳо дар шароити пандемия, аллакай як зумра муқаррарот дар тартиби парвоз ва амалкард дар фурудгоҳҳо дар минтақаи Аврупо муқарарр шудаанд.

Яке аз нуқтаҳои асосии тартиботи нав ин роҳандозии чораҳои ба бехатарии эпидемиологӣ дар ҳавопаймоҳо ва фурудгоҳҳо нигаронидашуда мебошананд, ки баҳри муҳофизати мусофирон аз коронавирус таҳия шудаанд.

Биноан, мувофиқи дастур оид ба ҳамлу нақли мусофирбарии ҳавоӣ дар Иттиҳоди Аврупо мусофирон "аз лаҳзаи ба бинои фурудгоҳ даромадан то лаҳзаи тарк кардани фурудгоҳи тайъиншуда" пӯшидани ниқоб ҳатмӣ аст. Ин ин муқаррарот танҳо кӯдакони то 6-сола ва барои одамоне, ки бо бо сабабҳои тиббӣ пӯшидани ниқоб пӯшида манъ аст, истисно ҳастанд.

Ғайр аз он, мусофирон бояд ҳар 4 соат ниқобро иваз кунанду дастони худро мунтазам шуста, дезинфексия намояд. Азбаски ҳангоми гузаштан, санҷиш ва худи парвоз одатан зиёда аз 4 соат вақт лозим аст, мусофирон бояд ҳадди аққал 1 ниқоби эҳтиётӣ дошта бошанд.

Дар аксари фурудгоҳҳои Германия қоидае ҷорӣ шудааст, ки ба мусофирон иҷозати бо худ гирифтан ва ба тайёра ворид намудани танҳо боғоҷи дастиро медиҳад. Ин тартибот бояд санҷиши бағоҷи мусофиронро тезтар намуда, хатари сироятшавиро дар фурудгоҳ корҳиш диҳад. Ҳангоми азназаргузаронидани бағоҷ, бояд масофаи иҷтимоии 1,5 метр риоя шавад.

Айни замон дар фурудгоҳҳои Германия тартиби барои ҳамаи мусофирон ченкунии ҳатмии ҳарорати бадан вуҷуд надорад. Новобаста аз ин, фурудгоҳҳо бояд таҷҳизоти зарурӣ дошта бошанд ва бо фармони шуъбаҳои дахлдор дар вақти дилхоҳ ин корро амалӣ карда тавонанд.

Ширкати “Lufthansa”-и Германия ҳафтаҳои оянда нақша дорад, ки ба мусофирон хизматрасонии ихтиёрӣ аз ташхиси коронавирус гузаштанро пешниҳод намояд. Ин намудаи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳои Мюнхен ва Франкфурт ҷорӣ карда хоҳан шуд. Натиҷаҳои санҷиш пас аз 4 соат маълум мешавад.

1-1.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg