Ифтитоҳи эстакада дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

13.07.2020 16:46

Бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ тақозои замон буда, васили густариши дӯстии халқҳо мебошад (Эмомалӣ Раҳмон)

10 июл бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе эстакадаи бисёрқабата ифтитоҳ гардид.  Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақави  Душанбе – Турсунзода” бунёд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки амалишавии тарҳи мазкур ба ҳаракати бемамониати нақлиёти транзитӣ, ҷамъиятӣ ва боркашонӣ мусоидат карда, ҳамчунин рафтуои бехатари пиёдагардонро дар ин қитъа таъмин менамояд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёт, Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва пудратчии он Ширкати “Ксинҷянг Коммуникейшн Констракшн Групп”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Назорати сифати корҳоро дар ин лоиҳа Ширкати машваратии “Эптиса”-и Испания бар ӯҳда дошт.

Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

50095892928-9637daa9e4-o.jpg

50095990703-bb438ca67e-o.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg