Корҳои сохтмонӣ дар лоиҳаи «CASA 1000» то охири соли 2021 анҷом меёбанд

14.07.2020 19:22

Айни замон дар Тоҷикистон дар соҳаи электроэнергетика 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар марҳилаи татбиқ қарор доранд, ки яке аз онҳо «Лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000» мебошад. Дар доираи қисматҳои лоиҳаи минтақавии CASA-1000 корҳои лоиҳакашию ҷустуҷўӣ, сохтмонӣ, иҷрои чорабиниҳои иҷтимоию экологӣ ва таҳияи нақшаи муҳоҷиркунонӣ идома дода шуданд.

Тавре Муовини вазири  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода  зимни  нишасти матбуотӣ  иброз дошт, «дар доираи сохтмони зеристгоҳи конверторӣ корҳои заминию бетонӣ идома дода шуда, ҳамчунин то ин муддат конструксияҳои металии равоқпояҳо, болтҳои анкерӣ ва қубурҳои заҳкашӣ ба майдони сохтмонӣ ворид карда шуданд. Ҳарчанд хурӯҷи бемории COVID-19 ба суръати корҳои сохтмони бе таъсир намонд, вале корҳои сохтмони вусъати тоза доранд. То кунун бештар аз 30 дарасади таҷҳизоти зарурии сохтмони тарҳи мазкур аз қабили ноқилҳои махсус ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст».

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони тарҳи CASA-1000 дар ҷумҳуриҳои Афғонистону Покистон бо маром идома дорад ва интизор меравад, ки то соли охирҳои соли 2021 корҳои сохтмонии он пурра ба анҷом расанд. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи CASA-1000 хати интиқоли барқро, ки шароити содироти барқро аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷумҳуриҳои Афғонистон ва Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад.  Ин лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имкон медиҳад, ки ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон солона дар ҳаҷми 1300 мВт.  неруи барқро содирот намоянд.

Коршиносон мегӯянд лоиҳаи CASA-1000 беҳамто буда, аз бунёди он ҳам кишварҳои содиркунанда ва ҳам кишварҳои истеъмолкунанда суд хоҳанд дид. Агар кишварҳои содиркунанда ба даромади хуб даст ёбанд, пас кишварҳои истъемолкунанда низ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин хоҳанд шуд, ки   дар самти густариши робитаҳои иқтисодӣ ва аз байн бурдани камбуди неруи барқ хеле муҳим аст.

casa.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg