CEНТОГЕНЕ-и Олмон ба Тоҷикистон дар мубориза бар зидди КОВИД-19 мусоидат менамояд

06.08.2020 12:08

foto.jpg  Ширкати СЕНТОГЕНЕ-и Олмон бо пахши як изҳорот дар сомонаи худ иттилоъ медиҳад, ки ҳамкориҳои ҷории худро дар доираи шарикии рушд бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар бобати муқовимат ба коронавируси COVID-19 вусъат медиҳад. Лоиҳаи ҳамкорӣ дастрасии муассисаҳои тиббии Тоҷикистонро ба маводҳои озмоишӣ ва таҷҳизоти лаборатории озмоиши Ковид-19 имконпазир мегардонад. Ин лоиҳа аз ҷониби Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ гардида, ҳадафи он ҳамчунин аз интиқоли фановариҳои  (технологияҳои) муосир ба табибони тоҷик ва мусоидат дар раванди ташкили инфрасохторҳо ва такмили ихтисоси кормандони тиб аз ҷониби ширкати СЕНТОГЕНЕ иборат аст.

Ин лоиҳа имкон медиҳад, ки Тоҷикистон зарфиятҳои cанҷишии худро вусъат дода, шахсони сироятёфта ҳар чи зудтар пайдо ва мушаххас гарданд. Бо ин тартиб Тоҷикистон мехоҳад муқарраротҳои карантиниро татбиқ намуда, занҷираҳои эҳтимолии сироятёфтагонро мушаххас ва аз паҳншавӣ ва хуруҷи дубораи пандемия ҷилавгирӣ кунад. Дар доираи лоиҳаи муштарак Лабораторияи миллии референсӣ дар шаҳри Душанбе бо реагентҳо, таҷҳизот ва лавозимоти лабораторӣ, чумчаҳои озмоишӣ ва системаҳои интиқол барои тестҳои qPCR таъмин гардиданд.   

«Мо дар рафти ҳамкориҳои ҷорӣ бо ширкати СУНТОГЕНЕ таҷрибаи арзишманд андӯхтем, ки аз он фаровон истифода хоҳем кард. Аз ин рӯ мо ташаббус оид ба беҳтар кардани имконияти мушаххассозии Ковид-19 – ро ҷонибдорӣ менамоем», изҳор дошт муовини якуми Вазири тандурустии Тоҷикистон д-р Ғафур Мӯҳсинзода.

Тавре профессор Арндт Ролфс - директори ширкати СЕНТОГЕНЕ иброз дошт, «татбиқи чунин лоиҳаҳои муштарак шонси хуби ҳамкориҳои инноватсионӣ бо сохторҳои ҷамъиятӣ ва кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки дар бартарафсозии чолишҳои соҳаи тандурустӣ ба мусоидат ниёз доранд. Умуман дар ин буҳрони сарзада муҳим аст, то ҳама ба таври муштарак ҷиҳати саривақт пайдо ва мушаххас кардани беморӣ ҳамкорӣ намоем». 

Тоҷикистон бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва шарикони байналмилалии худ дар мубориза бар зидди ҳамагирии Ковид-19 фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Пас аз сар задани ҳамагирӣ табибони тоҷик бо ҳамкасбони худ аз хориҷа мубодилаи афкор ва таҷриба анҷом доданд. Бо кӯмак ба ҳамкасбони тоҷик дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон онҳо ҳамзамон зуҳуроти гуногуни вируси нави коронаро меомӯзанд. Чунин мубодила барои зуд ошкор кардани вируси номаълум муҳим буда, дар омода намудани ваксинаҳои мувофиқ маълумоти муҳим фароҳам меорад.

Cарчашма:https://www.centogene.com/company/article/centogene-unterstuetzt-tadschikistan-im-kampf-gegen-die-covid-19-pandemie.html

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg