Кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон таърихи тӯлоние дорад, ки аз қарни гузашта ҳангоми омӯхтани қаторкӯҳҳои бузурги Помир сарчашма мегирад. Помир - минтақаи маъмултарин конвергенсияи кӯҳӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ин мавзеъ бузургтарин қаторкӯҳҳои Осиёи Марказӣ назири Қарақорум, Куен-Лун ва Ҳиндукуш ба ҳам мепайванданд. Меҳвари системаи кӯҳии Помирро қаторкӯҳи Академияи илмҳо бо қуллаҳои баландтарини овозадор - Сомонӣ 7495 м (қуллаи Коммунизм) ва Озоди 7105 м (қуллаи Корженевская) ташкил медиҳад. 24 қуллаи қаторкӯҳҳо дар баландии зиёда аз 6000 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд. Дар ҳамвории Поляна Москвина дар қисмати шарқии Тоҷикистон сохтмони пойгоҳи муосири кӯҳнавардӣ бо номи “Қуллаҳои Тоҷик” ба охир мерасад. Пойгоҳ аз ҷониби ҶСП "Куллаҳои Тоҷик" - ширкати сайёҳии ватанӣ сохта шуда истодааст,ки самти асосии фаъолияти он ба кӯҳнавардӣ нигаронида шудааст. Ширкат ба ҳаводорони сайёҳати кӯҳӣ, аз қабили кӯҳнавардӣ ва дигар навъҳои сайёҳии экстремалӣ барнома ва сайрхатҳои махсус дошта, маҷмӯи пурраи хизматрасониҳо, аз ҷумла таҳияи тамоми ҳуҷҷатҳо то пешвозу гусел дар фурудгоҳро пешниҳод мекунад. Сохтмони пойгоҳи кӯҳнавардӣ дар ҳамвории Поляна Москвина 1 июли соли равон оғоз ёфта, то имрӯз бинои стационарӣ барои 100 нафар кӯҳнавардон, роҳнамоён ва кормандони хизматрасон сохта шудааст. Марказ дорои ошхона, ҳуҷраи фароғат, сауна, ҳаммом, ҳоҷатхона, утоқи либосшӯӣ мебошад. Ба маҳзи парвози бемамониати чархболҳо дар шароити тағйирёбандаи куҳсор дар мавзеи Поляна Москвина майдончаи фуруд ва парвози чархболҳо низ сохта шудааст. Барои баланд бардоштани бехатарии парвозҳо системаи алоқаи радиоӣ бо аэронавигатсия ҳавоӣ насб карда гардида, аллакай алоқаи моҳвораӣ мавҷуд аст. Аз сарчашмаи об то ба пойгоҳи асосӣ беш аз 500 м лулаи об гузаронда шудааст. Барои тавлиди барқ панелҳои офтобӣ насб карда шуда, ҳамчун захира генераторҳои дизелӣ харидорӣ гардиданд. Пешбинии дақиқи обу ҳаво барои кӯҳнавардон хеле муҳим аст, аз ин лиҳоз дар пойгоҳи асосӣ асбобҳои рақамии обуҳавосанҷӣ насб карда шуданд. Ва барои онҳое, ки орзуи каме фориғ шудан аз тамаддунро доранд, минтақаи махсуси хаймазанӣ барои 80-100 нафар пешбинӣ шудааст. Пеш аз ифтитоҳи мавсими соли 2021 барои иртиботи боз ҳам бештари кӯҳнавардон таъмини бошишгоҳ бо алокаи интернетӣ ва мобилӣ ба нақша гирифта шудааст. ⠀Пойгоҳи кӯҳии "Қуллаҳои Тоҷик" макони бароҳат ва муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд: барқ, оби равон, алоқаи моҳвораӣ ва интернет, хонаи бароҳат бо ҳама шароити мусоид барои зист дар баландии 4400 метр аз сатҳи баҳр. Тамоми мавсим аз моҳи июн то сентябр дар пойгоҳи кӯҳнавардӣ инструкторҳои соҳаи кӯҳнавардӣ, роҳнамоҳо, духтур ва гурӯҳи наҷотбахш фаъолият хоҳанд кард.