Дар пешманзари баргузории гуфтушунидҳои байниҳукуматии имсолаи Тоҷикистону Олмон Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо роҳбари нави Департаменти кишварҳои Осиёи Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон доктор Ҳайке Литсингер мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба амалишавии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, сохтмони иншоотҳои тиббӣ ва татбиқи барномаҳои ҳифзи модару кӯдак баҳои баланд доданд. Сафир лоиҳаҳоеро, ки аз ҷониби Ҳукумати федеролӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, тимсоли беҳтарини шарикӣ миёни кишварҳо номида, изҳор дошт, ки идомаи минбаъдаи онҳо дар сиғаҳои бисёрҷониба ба Тоҷикистон дар самти беҳтарсозии инфрасохторҳои иҷтимоӣ ва афзоиши занҷираи арзишҳои иловашуда мусоидат хоҳанд кард.