Суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

23.09.2020 05:01

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Нахуст бо камоли майл табрику таҳнияти хешро ба ҷаноби Волкан Бозкир ба муносибати интихоб гардиданаш ба маснади Раиси иҷлоси 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иброз медорам.

Вазъи имрӯзаи ҷаҳон дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва тавсеа ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир, бахусус ҳамагирии коронавируси нав, боз ҳам ноустувору мураккаб ва ҳассос гардидааст.

Бемории КОВИД-19, ки дар ибтидо ҳамчун буҳрони соҳаи тандурустӣ сар зада буд, тадриҷан боиси буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва молиявии ҷаҳонӣ гардид.

Чунин вазъ, албатта, аз мо амалҳои ҳарчи бештар фаъол ва ҳамоҳангшударо тақозо менамояд.

Дар ин робита мо аз саъю кӯшишҳои Дабири кулл, ташкилоту бунёдҳо ва барномаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат ба давлатҳои узв дар мубориза бо пайомадҳои гуманитарӣ ва иҷтимоиву иқтисодии КОВИД-19 истиқбол менамоем.

Мо, ҳамчунин, талошҳои кишварҳоро ҷиҳати ихтирои ваксинаи зидди коронавируси нав бо хушнудӣ қабул дорем.

Изҳори умед менамоем, ки он барои ҳамаи кишварҳо дастрас хоҳад гардид ва дар оянда ҷонибҳои истеҳсолкунандаи ваксина ҷиҳати дар шакли кумаки гуманитарӣ бо як миқдори он таъмин намудани табақаҳои осебпазири кишварҳои дигар, алалхусус кӯдакону занон ва пиронсолон, иқдом хоҳанд кард.

Ҳамагирии КОВИД-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири ҷиддӣ расонида, боиси нигаронии мо гаштааст.

Дар самти пешгирӣ аз паҳншавии он мо имрӯз талош дорем, ки ҳаҷми зарурии маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббиро зиёд намоем ва бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, кишварҳо ва шарикони рушд чораҳои зарурӣ андешида истодаем.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ оқибатҳои паҳншавии коронавирусро ҳамчун ҷараёни идомаёбанда арзёбӣ мекунанд, ки албатта, ба рушди иқтисодиёти ҷаҳон бетаъсир нахоҳад буд.

Чунин ҳолат пешорӯи рушди Тоҷикистон душвориҳои зиёди бесобиқаро ба бор меоварад.

Ҳамагирии коронавирус ба паст рафтани нишондиҳандаҳои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла фаъолияти сармоягузорӣ, ба шумули сармоягузории мустақими хориҷӣ, тиҷорати дохиливу хориҷӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, бахусус, нақлиёт боис гаштааст.

Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ ва маҳсур бо хушкӣ буда, захираҳои кофии нафту газ надорад.

Дар ин зимн, мо то 100 фоиз аз воридоти маводи сӯзишворӣ, ҳамчунин, дигар намудҳои молу маҳсулот, аз ҷумла озуқаворӣ ва доруворӣ, дар ҳудуди мутобиқан 80 ва 90 фоиз вобастагии ҷиддӣ дорем.

Мувофиқи арзёбии пешакӣ, бинобар таъсири манфии омилҳои иқтисодии берунаи бавуҷудомада, соли равон зарари умумӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил дода, дар оянда ҳам афзоиш ёбад.

Бо дарназардошти идомаи тамоюли мазкур, Ҳукумати Тоҷикистон имрӯзҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар баробари пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ, ҷиҳати таъмин намудани фаъолияти босуботи тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар чораҳои зарурӣ андешад.

Ҷаноби Раис!

Маълум аст, ки пешбурди равандҳои созанда танҳо дар шароити субот ва амнияти пойдор имконпазир аст.

Имрӯзҳо дар баробари мавҷи бесобиқаи бемории КОВИД-19 тавсеаи миқёс ва шиддати терроризму ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои муосир низ нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ҳамоно амнияту суботи кишварҳо ва минтақаҳои гуногунро ҷиддан ноустувор мегардонанд.

Рафъи таҳдиди терроризм дарку фаҳмиши омилҳои таҳрикдиҳандаи он ва сабабҳои аслии ба терроризм мусоидаткунанда, ҳамчунин, ягонагии мавқеи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба мафҳуми терроризм тақозо менамояд.

Ҳамзамон бо ин, ба ақидаи мо, таҳияи василаҳои нав ва муассири муборизаи муштарак бо терроризм, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои технологии муосир ва ҳамкориву ҳамоҳангии мақомоти масъули таъмини амнияти кишварҳои узв аҳаммияти хосса дорад.

Дар баробари ин андешидани чораҳои қотеъонаи муштарак дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва худдорӣ намудан аз истифодаи меъёрҳои дугона ҳамчун омилҳои дигари муҳим арзёбӣ мегарданд.

Ҷониби Тоҷикистон мутмаин аст, ки вокуниш ба таҳдиди афзоишёбандаи терроризм бояд фарогир бошад ва дар ин самт Созмони Милали Муттаҳид нақши ҳамоҳангсози калидиро иҷро намояд.

Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ қарор дорад ва дар муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми босазои худро гузоштааст ва ин равандро идома хоҳад дод.

Ба ин манзур мо бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилалӣ, бахусус, ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид пайваста ҳамкорӣ дорем.

Зимнан мо иқдомҳои муштаракро роҳандозӣ намуда, пеш мебарем, ки аллакай, натиҷаҳои назаррас ба бор овардаанд.

Ҳоло дар кишвари мо ду Стратегияи миллӣ - яке оид ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигаре мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар марҳалаи ниҳоии татбиқи худ қарор доранд.

Оғози корҳои муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии шарик ҷиҳати таҳияи ин ду санад барои давраи оянда низ далели ин гуфтаҳост.

Ҳамзамон бо ин, мо риоя ва татбиқи муқаррароти санаду конвенсияҳои байналмилалии дар ин соҳаҳо қабулгардидаро зарур медонем.

Вобаста ба ин, Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкории судманд дорад.

Дар ин самт мо, инчунин, дар сатҳи дуҷониба бо кишварҳои шарик робитаҳои ҳамкории самаранокро ба роҳ мондаем.

Комёбӣ дар амалҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи низоъҳо, ҷустуҷӯйи роҳҳои мусолиматомези баромадан аз буҳрону ихтилофҳо, пеш аз ҳама, ба истифодаи самараноки дипломатияи боздоранда ва фаъолияти миёнаравӣ вобастагӣ дорад.

Зимнан, тақвияти фаъолияти Созмон дар ин ҷода, аз ҷумла Маркази минтақавии он оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон, ки ҳамаи даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро аз сар гузаронидааст, зарурати ҳифзи ҳамаҷонибаи сулҳро хуб дарк менамояд.

Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон аз фаъолияти сулҳофарии Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин раванд ба қадри имкон ҳиссагузор бошад.

Нерӯҳои полиси мо дар амалиётҳои сулҳофарии Созмон дар Дарфур ва Судони Ҷанубӣ, ҳамчунин, дар шаҳри Абейи Судон ширкат меварзанд.

Мо ният дорем, ки минбаъд низ дар ин арса бо ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ҳамкорӣ дошта бошем.

Бо дарназардошти таҷрибаи дар роҳи мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, маводи мухаддир андӯхтаи кишвар ва бо мақсади муаррифии таҷрибаи сулҳи тоҷикон мо ният дорем номзадии Тоҷикистонро ба узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои Амнияти Созмон барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем.

Мо умедворем, ки ин иқдоми Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узв хуб пазируфта шуда, онҳо аз номзадии мо пуштибонӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1400 километр хатти сарҳад дорад.

Дар ин замина, мо ба вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии ин кишвари ҳамҷавор таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем.

Идома ёфтани вазъи нигаронкунанда дар он зарурати андешидани тадбирҳои иловагиро ҷиҳати ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза алайҳи терроризм, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумат ва мардуми он расонидани кумаки саривақтиро тақозо менамояд.

Чӣ тавре мо борҳо таъкид намудаем, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Тоҷикистон аз равандҳои музокироти сулҳофарӣ ва ҳар иқдоме, ки ба ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ менамояд.

Тақдири Афғонистон ва ояндаи онро бояд қабл аз ҳама худи мардуми он ба даст гирад ва мо мутмаинем, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳофарие расид, ки аз ҷониби худи афғонҳо идора, назорат ва пеш бурда мешавад.

Кишвари мо имсол садорати нишасти “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро ба уҳда дорад ва тайи ин давра ҷиҳати баланд бардоштани самараи амалии ин ҳамоиш талош хоҳад кард.

Тоҷикистон то имрӯз дар татбиқи чандин лоиҳаҳои муштараки минтақавии марбут ба Афғонистон саҳми худро гузоштааст.

Сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва бунёди шаш пули фаромарзӣ аз ҷумлаи онҳост.

Мо омодаи идомаи минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати ҷалби фаъоли Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ ва мусоидати иқтисодиву иҷтимоӣ ба он мебошем.

Идомаи татбиқи лоиҳаҳои пайвастани шоҳроҳҳои нақлиётии ду кишвар, сохтмони хаттҳои интиқоли барқ, бахусус, CASA-1000 дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои минтақа, таълиму тадриси касбии мутахассисону коршиносони афғон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки имрӯз мо онҳоро пайгирӣ менамоем.

Ҷаноби Раис!

То анҷоми Рӯзномаи-2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори он 10 соли дигар боқӣ мондааст.

Дар ин самт ҷомеаи ҷаҳонӣ тайи панҷ соли охир ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии кишварҳо, дар баробари таъсири манфии оқибатҳои ҳамагирии КОВИД-19, сари вақт амалӣ гардонидани Ҳадафҳои рушди устуворро, хоссатан, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, таҳти суол қарор медиҳанд.

Пайомадҳои он барои кишвари мо ҳам, ки яке аз ҷонибҳои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи Рӯзномаи-2030 мебошад, бетаъсир намемонанд.

Хотиррасон менамоям, ки Тоҷикистон дар қатори аввалин кишварҳое буд, ки Стратегияи миллии рушди худро барои давраи то соли 2030 қабул карда, онро бо Рӯзномаи-2030 мутобиқ намуд.

Ҳамзамон бо ин, кишвари мо дар соли 2017 Ҳисоботи ихтиёрии миллии худро пешниҳод карда, дастовардҳояшро дар ҷодаи ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор муаррифӣ намуд.

Мо умедворем, ки Даҳсолаи амал барои татбиқи ҳадафҳои ҷаҳонӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли пойдори чунин мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ, ба монанди тағйирёбии иқлим, фақр, нобаробарии гендерӣ ва маблағгузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Зимнан, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлимро, ки дар ин раванд ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд, бояд ба таври хосса зикр кард.

Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст.

Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад.

Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад.

Аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Дар кишвари мо тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳимманд, ба мушоҳида мерасад.

Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст.

Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Чунин вазъият ба миқдор ва сифати захираҳои оби тоза, ҳамчунин, соҳаҳои марбут ба об, бахусус кишоварзӣ ва энергетика, таъсири манфӣ мерасонад.

Ба ин манзур кишварҳои минтақаи мо аз тағйирёбии даври гидрологӣ нигарон мебошанд.

Дар ин росто, аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Тоҷикистон 99 фоизи қувваи барқи худро дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ, яъне аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергияи “сабз” истеҳсол мекунад.

Аз ин лиҳоз, кишвари мо дар ҷаҳон камтарин ҳиссаи қиёсии олудаҳои дуоксиди карбонро дорад.

Дар ин робита мехостам пешниҳодҳои зеринро ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, ки ман дар ҳамоишҳои байналмилалии дигар манзур карда будам, такроран ироа намоям:

1). Дастгирии истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, ки барои рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад.

2). Мусоидати ҳамаҷонибаи кишварҳои мададрасон ва сохторҳои байналмилаливу минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.

3). Пурзӯр кардани мониторинги манбаъҳои пайдоиши захираҳои об, бахусус, пиряхҳо.

4).Таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва ба ин мақсад мавриди амал қарор додани пешниҳоди мо дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо.

5). Аз ҷониби кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷониба ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои об.

Умед дорем, ки шарикони байналмилалии мо иқдомҳои баъдии ҷониби Тоҷикистонро дар ин самтҳо пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ҷаноби Раис!

Имрӯзҳо дар Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбарии масъалаҳои марбут ба захираҳои об мешиносанд.

Кишвари мо муаллифи аксари ташаббусу қатъномаҳои марбут ба оби Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои давраи то соли 2028” мебошад.

Бо дастгирии кишварҳои узви Созмон мо тавонистем дар тӯли даҳсолаҳои охир рӯзномаи оби ҷаҳониро дубора эҳё намоем ва тавсеа бахшем.

Дар соли 2018 Қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони “Арзёбии фарогири миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028’ қабул гардид, ки рӯзномаи ҷаҳонии обро боз ҳам ғанӣ гардонид.

Дар Қатъномаи мазкур дар баробари дигар вазифаҳои муҳим гузаронидани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк салоҳ дониста шудааст. Ин чорабинӣ аз нигоҳи дастгирии раванди татбиқи Даҳсола ва баргузории Форуми сатҳи баланди сиёсӣ оид ба рушди устувор иқдоми муҳим ба шумор меравад.

Хотиррасон бояд кард, ки Конфронси Созмон оид ба мавзӯи об охирин бор дар Мар де Платаи Аргентина соли 1977 барпо гардида буд.

Яъне баъд аз 46 сол Конфронси об дар Созмони Милали Муттаҳид дубора баргузор мегардад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки таваҷҷуҳ ба Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” аз ҷониби кишварҳои узв, зерсохторҳои Созмон ва дигар созмонҳо торафт зиёд шуда истодааст ва баъзе аз онҳо, аллакай, омодагии худро барои мизбонии вохӯриҳои тадорукотии минтақавӣ иброз намуданд.

Мутаассифона, ҳамагирии КОВИД-19 нақшаҳои онҳоро халалдор кард ва аксари чорабиниҳои пешбинишуда ба таъхир афтодаанд.

Умед дорам, ки пас аз пирӯзӣ бар коронавируси нав кишварҳои манфиатдор, дар баробари Тоҷикистон, метавонанд чорабиниҳои банақшагирифтаи худро барпо намоянд.

Дар фарҷоми сухан, мехоҳам таваҷҷуҳи ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро ба лоиҳаи қатъномаи навбатии Тоҷикистон оид ба Конфронси Созмон ҷиҳати арзёбии фарогири миёнамуҳлати татбиқи Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ҷалб намоям.

Қарор аст, ки қатъномаи мазкур дар иҷлосияи кунунии Маҷмаи Умуми Созмон мавриди баррасӣ қарор гирад.

Аз ҳамагон даъват ба амал меоварам, ки ин иқдоми моро низ ба мисли қатъномаҳои гузашта пуштибонӣ намоянд.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg