Барқияи табрикотии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти федералии Германия ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер

02.10.2020 19:22

foto-Janob.jpg Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти федералии Германия ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

 “Ҷаноби Олӣ,

Ниҳоят масрурам, ки Шумо, Хукумат ва тамоми мардуми барои мо дӯсти кишваратонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ - 30-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати Германия сидқан табрику таҳният гӯям. Германияи мутараққӣ дар тули 30 соли таърихи навини хеш бо саъйю талошҳои пайгирона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва таҳкими обрӯву эътибори худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гаштааст. Рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Германия аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Боиси қаноатмандӣ ва хушнудии мост, ки тайи давраи сипаришуда бар асари саъю кӯшишҳои ҳар ду ҷониб муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Германия тадриҷан сатҳи сифатан навро касб карда, рушд ёфта истодаанд. Мо алоқаманди вусъати бештар бахшидан ба ин раванд ва кушодани саҳифаҳои ҷадиди тавсеаи равобити созандаи байни кишварҳоямон ҳастем. Ба ин манзур мо омодаем, ки аз тамоми имкониятҳои мавчуда, аз ҷумла тамосҳои сиёсии сатҳи олӣ ва баланди ҷонибҳо, истифодаи муассир барем. Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба ҷаноби Президент саломатии комилу пирӯзиҳои навин ва саодатмандӣ, ба мардуми дӯсти Германия хушрӯзӣ, сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии беш аз пеш хоҳонам”.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg