Конститутсияи Тоҷикистон ба забони олмонӣ тарҷума шуд

05.11.2020 14:18

verfassung-3.png    Бахшида ба таҷлили Рӯзи конститутсия ва дар пешманзари таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти кишвар Сафорати Тоҷикистон дар Германия Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо забони олмонӣ тарҷума намуд.«Мавҷудияти тарҷумаҳои дузабонаи санадҳои меъёриву ҳуқуқии дорои эътибори олӣ ба якдигарфаҳмӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои кишварҳо мусоидат менамояд», изҳор дошт, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия Сохибназар Ғайратшо, ки Конститутсияро аз забони тоҷикӣ ба олмонӣ тарҷума кардааст.

     Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Германия тӯли солҳои истиқлолият ҳамкориҳои гуногунҷанбаи худро аз ҷумла дар самти робитаҳои байнипарлумонӣ, таҳкими адолати судӣ, такмили қонунгузории Суди арбитражӣ, мусоидат дар барномаҳои мубориза бар зидди коррупсия низ ба роҳ мондаанд.

     Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таълимии кишвар забони олмонӣ ҳамчун забони хориҷӣ таълим дода мешавад.

 

Китоб дар сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Германия пешкаши ҳаводорон гардонида мешавад:конститутсия

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg