Зардушт - паёмбари ойини ростин

07.12.2020 09:51

 Зардушт - паёмбари ойини ростин
 (асри VII-VI пеш аз милод)

Шахсияти Зардушт дар таърихи инкишофи афкори маънавии инсоният чандон бузургу ҷозибанок аст, ки бисёр халқҳои бостонӣ ӯро аз нобиғагони ҷаҳони куҳан донистаанд.

Ҳатто чунин халқе мисли юнониҳо, ки Ғарби муосир фарҳанги онҳоро сарчашмаи тамаддуни имрӯзаи худ медонад, аз айёми куҳан бо номи ӯ ошно буда, дар бораи дини ӯ маълумоти муайяне доштаанд. Онҳо мувофиқи расму ойини бостонии худ, бо хатми ҳар садсола аз миёни доноёни он замон ҳафт нафар хирадманд интихоб мекарданд, ки дар пешрафту комёбии моддӣ ва маънавии халқи Юнон саҳми бештар гузошта бошанд. Ҷолиб аст, ки дар китоби «Стромати»-и Клименти Александрони дар миёни ҳафт нафар хирадмандони юнонӣ ду нафар ориёӣ, яъне Зардушт ва Абарис зикр шудаанд.

Таърихи суннатии зуҳури Зардушт дар ду рисолаи мазҳабӣ — «Бундаҳишн» ва «Ардавирофнома», ки дар асрҳои 1Х-Х мураттаб шуда, меъёрҳои динӣ ва ахлоқии ин ойинро мавриди баҳс қарор додаанд, баён гардидааст. Дар онҳо космологияи зардуштӣ инъикос ёфта, мувофиқи он умри ҷаҳон аз 12 ҳазор сол иборат аст. Дар се ҳазор соли нахуст Худованд тамоми мавҷудоти оламро дар шакли ҷаҳони мусул  (олами идеяҳо), ки ҳамон ҷаҳони фравашиҳо аст, халқ кардааст ва дар ин сеҳазорсола аносири ҷаҳон беҳаракат буда, ҳамаи онҳо поку беолойиш будаанд. Ин давра дар «Бундаҳишн» бо номи «менӯг» зикр шудааст. Дар сеҳазораи дуюм, ки Аҳриман ба вуҷуд омад, тамоми ашёи ҷаҳон омехта гардида, давраи гумезишн оғоз шуд, ки ҳолати кунунии ҷаҳон аст. Дар ин марҳала фурӯҳарҳо ба худ қолиби моддӣ гирифта, якҷо бо изадон ба ҳаракат ва мубориза мепардозанд. Сурати фалакӣ ё фурӯҳари Зардушт дар охири сеҳазорсолаи аввал ва ибтидои сеҳазорсолаи дуюм офарида шудааст. Ҳамин тариқ, ӯ 258 сол пеш аз инқирози салтанати ҳахоманишӣ ба пайғамбарӣ мерасад.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg