Муҳаммад (с) - бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ 

07.12.2020 10:05

Муҳаммад (с) - бузургтарин марди ҷаҳон ва паёмбари дини барҳақ                  

(22 апрели 570- 571 - 8 июни 632‎)

Шахсияти Муҳаммад (с) чун пешвои ислом, инак, ҳазору чорсад сол аст, ки дар байни ҷонибдорону мухолифони Ӯ баҳсу мунозираҳо меангезад. Вале сарфи назар аз ин мунозираҳо Муҳаммад (с) як инсони фурӯтан, ростқавл, хоксор ва покманишу некмаҳзар буда, аксаран бо риёзату ниёиш умр ба сар мебурд. Ӯ дар тӯли зиндагиаш аз инсофу адолат, баробарию бародарӣ, дастгирию пуштибонии аҳли ислом пайравӣ мекард ва шукӯҳу ҷалоли зоҳириро намеписандид. Ба қавли Табарӣ, ӯ ба бисту ҳафт ғазо ва нуҳ ҳарб — Бадр, Уҳуд, Хандақ, Қурайзо, банӣ-Мусталиқ, Макка, Хайбар, Ҳунайн ва Тоиф ширкат варзида, барои интишори ислом тамоми ҳастиашро бахшидааст.

Муҳаммад (с) дар Мадина баробари интишори ислом ба сифати ҳакам низ ном бароварда, бисёр масъалаҳои баҳсталаби миёни мусулмононро ҳамчун Паёмбари ислом (с) ҳал мекард. Баҳсҳои диние, ки миёни уламои яҳудӣ ва Паёмбари ислом (с) сурат мегирифт, тадриҷан тезу тунд шуда, миёни онҳо тарҳи ҷудоӣ меафканд. Мувофиқи ақидаи Муҳаммад(с), Худо ба ҳузури яҳудиёну масеҳиёни «аҳли китоб» пайғамбаронашон Мӯсо ва Исоро фиристода буд, ки каломи Илоҳиро ба одамон расонанд. Аммо онҳо гуфтаҳои пайғамбаронашонро бо мурури замон таҳрифу дигаргун ва фаромӯш карда, ба радифи мунофиқон даромаданд. Аз ин лиҳоз Худо ба ҳузури бандагонаш китоби Қуръон ва пайғамбари охирини хешро фиристод, то бо ҳидояти хотиматуланбиё онҳоро ба роҳи ҳақ ҳидоят намояд. Ҳамин тариқ, бо рисолати Паёмбар (с) ва интишори ислом дар баробари чор тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ — тамаддуни ориёӣ, тамаддуни масеҳӣ, тамаддуни яҳудӣ ва тамаддуни буддоӣ дар арсаи таърих тамаддуни ислом падид омад, ки дар тайи асрҳои минбаъда ба чаҳор самти олам густариш ёфта, дар андешаву ҷаҳонбинии инсоният таҳрикоти бузурге ворид намуд.

Дертар дар аҳди давлатдории хулафои рошидин дини ислом ба қаламрави Эрону Осиёи Хурд паҳн шуда, пайравони зиёде пайдо кард ва дар арсаи олам мақоми арзандаи умумибашарӣ ёфт, ки ниёгони дорои кеши зардуштии мо — тоҷикон низ баъди паси сар кардани тамаддуни ориёӣ шомили тамаддуни ислом гардиданд.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg