Шамси Табрезӣ             

07.12.2020 15:01

Шамси Табрезӣ - шахсияти бузург ва камназири олами ирфон

                                                                            (1185–1248)                                                                             

Яке аз он шахсиятҳои бузургу камназири олами ирфон Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ мебошад, ки ҳанӯз шахсияташ ба таври комил шинохта нашудааст ва оқибати кору фарҷоми тақдири асрорангезаш ҳам чандон равшан нест. Вале мусаллам аст, ки маҳз нафаси гарм ва сухани нарми ӯ Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро аз тангнои хонақоҳу мадраса ба паҳнои шеъру адаби ҷаҳонгири тоҷикии форсӣ кашида, дар арсаи ҳунари шеъру шоирӣ машҳури оламиён ва маҳбуби ҳамаи давру замонҳо кард.

Ин орифи фарзона дар олами ирфону адаб бо номҳои Шамсиддин, Шамсулҳақ, Шамси Табрезӣ, Шамси Паранда ва Шамси Сабзпӯш машҳур мебошад.

Бештари андешаҳои пурҳикмати Шамси Табрезӣ низ дар рӯзгори мо қобили омӯзишу пайравӣ мебошанд. Шамси Табрезӣ инсониятро тоҷи офариниш шинохта, бузургдошти ӯро таъкид менамояд, ки ин ҳақиқат аз суханони зерини ӯ баръало ба мушоҳида мерасад: «Каъба дар миёни олам аст, аҳли олам ҷумла рӯ ба ӯ кунанд, чу ин Каъбаро бардорӣ, саҷдаи эшон ба сӯйи ҳамдигар бошад».

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg