​​​​​​​Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ)

07.12.2020 15:04

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) - пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо       
(30 сентябри 1207-17 декабри 1273)


Jaloluddini-Balkhi-04-08-2020-17-14.jpgМутафаккири бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлоно Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси умумиҷаҳонӣ аст.

Ба хотири ин абармарди бузург соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) эълон гардида, 800-умин мавлуди ӯ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Конфронси сатҳи баланд баргузор шуд. Дар қатори он ҷашнвораҳои дигар боз аз нав имкон доданд, ки ҳамаи мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем ва барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир дар андешаҳои ӯ барои худ пояҳои нав ба нав ҷустуҷӯ намоем.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg