Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

07.12.2020 15:07

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ - таблиғгари фарҳанги сулҳ ва хостори ваҳдату субот

         ( 22 октябри 1314 -1384)

Ситораи пурҷилову тобноке қариб 700 сол инҷониб аз қаъри асрҳо бо нури маърифату хирад андешаи моро равшанӣ мебахшад. Ин ахтари дурахшони дунёи маънавӣ бешубҳа, ҳакими ориф, адиби нозукхаёл, мутафаккири нуктасанҷ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, мулаққаб ба Амири Кабир, Алии Сонӣ, маъруф ба Шоҳи Ҳамадон ва ҳазрати Амирҷон мебошад. Мир Сайид Алии Ҳамадониро сарнавишти аҷибу пурифтихоре насиб гардидааст. Вай зодаву парвардаи Ҳамадони Эрон буда, азизи Тоҷикистон, ифтихори Ҳинду Покистон ва писандидаи Афғонистон мебошад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шеърро воситаи муносибу мувофиқи баёни андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқиву иҷтимоии худ қарор дода, ҳамчунин дар рушду густариши забон ва адабиёти тоҷику форс хизмати шойистаеро ба анҷом расонидааст.

Воқеан, шахсони бузурге чун ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ танҳо ба миллату маҳал ва мазҳаби алоҳидае маҳдуд набуданд. Бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо мекунад, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бешубҳа, аз ҷумлаи чунин симоҳои намоён аст, ки шуҳрату нуфузи ӯ дар Тоҷикистону Покистон, Ҳиндустону Эрон, Афғонистону Ӯзбекистон ва мамлакатҳои араб ба хубӣ эҳсос мешавад. Маҳз аз ин хотир намунаи осори хаттӣ ва нашрии ӯ дар китобхонаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Шветсия, Англия, Фаронса, Ҳолландия, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Хитой, Туркия ва ғайра маҳфузанд. Аз эътирофи Алии Ҳамадонӣ ва ихлосу эҳтироми мардуми кишварҳои гуногун ба ӯ ин амр низ дарак медиҳад, ки ба ифтихори вай ёдгориҳои арзандаи меъморӣ, аз қабили гунбад, хонақоҳ ва мақбара бунёд кардаанд. Гунбади алавиёни Ҳамадон, масҷиди Муаллои шаҳри Сринагари Кашмир, мазори Похлии Покистон, хонақоҳи махсуси Бухоро ва мақбараи машҳури Хатлон шоҳиди равшани он аст.

Имрӯзҳо осори ӯ ба забонҳои мухталифи дунё чоп шуда, ақидаҳои инсондӯстонааш писанди дӯстдорони ҳикмату адаб ва ирфону тасаввуф гардидаанд. Амири Ҳамадонӣ дар шинохти назарияи маърифат ва тариқат ислоҳоти куллӣ ворид намуда, дар ин ҷода дараҷаи ҳакими беназирро соҳиб шуд. Ӯ дар заминаи ин биниши фалсафӣ ба моҳият ва ҳақиқати умри инсонӣ баҳои сазовор дода, роҳҳои расидан ба саодати дунявиро равшан намудааст. Махсусан, дар рисолаҳои “Кашф-ул-ҳақоиқ”, ”Қуддусия”, “Шарҳи фусус-ул-ҳикам”, "Рисолаи ақлия”, "Рисолаи вуҷудия”, “Рисолаи маърифати нафси инсонӣ” ва осори дигараш ақидаҳои фалсафии худро гунҷонида, сифатҳои поку ҳамидаи инсонро ҳамчун меҳвари коинот тавзеҳ додааст.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg