Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

07.12.2020 15:22

Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ  - суханвари номвари адабиёти тоҷик

(28 марти 1865 - 29 июни 1919)

Нақибхон Туғрал воқеан аз суханварони номвари адабиёти тоҷик буда, бо ашъори баландмазмуну равони худ қалби ҳазорон нафар дилбохтагони шеъру суханро тасхир кардааст.

Туғрал ҳамчун вориси арзандаи яке аз пешвоёни бузурги тариқати нақшбандия — Хоҷа Аҳрори Валӣ тавассути ашъору афкори пурмуҳтавои худ дар тарбияи маънавӣ ва ахлоқии мардум саҳми арзишманд гузошт. Ҷойгоҳ ва мақоми шоир аз он низ маълум мегардад, ки ягона нусхаи чопи сангии девони шоир, ки соли 1916, дар айёми зиндагии ӯ ба чоп расида буд, то ба имрӯз дар хонаву манзили аксари сокинони шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳр нигаҳдорӣ шуда, бисёр ғазалу адабиёти шоирро мардуми ин шаҳрҳо аз ёд медонанд.

Равонии каломи Туғрал ҳанӯз аз замони зиндагиаш сабаб шудааст, ки бештари ғазалҳои ӯро аҳли ҳунар ба оҳанг дароварда, дар базму маҳфилҳо месаройиданду мехонданд. Шояд мисли Нақибхон Туғрал кам шоиреро метавон пайдо кард, ки ашъораш ба ин миқдор ба суруд табдил ёфтааст. Дар баробари ин, Туғрал дар мактаби шоири барҷастаи тоҷику форс Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҳадде муваффақ гардида буд, ки ҳамзамононаш ӯро ҳамчун “Бедили сонӣ” ном бурдаанд. Аз мундариҷа ва муҳтавои ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ пайдост, ки ӯ масоили муҳимтарини ҳаёти инсонҳо — тарғибу ташвиқи дӯстиву рафоқат, садоқат ба ойинҳои неки инсонӣ, ваҳдату ҳамдилӣ ва монанди инҳоро содиқона ва моҳирона тарғиб намудааст.

Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg