Нусратулло Махсум - ҷонфидои миллат
(1 июли 1881 - 1 ноябри 1937)
Дар вазъияти ниҳоят ҳассосу мушкил дар сафи аввалин фарзандони сарсупурдаи халқи тоҷик ба мубориза бархостани Нусратулло Махсум нишонаи ватандӯсту ватанпарасти асил будани ӯ мебошад. Кӯшишу талошҳои ӯ пеш аз ҳама дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян гардидани марзу буми имрӯзаи он ва шинохти миллати тоҷик беназир аст. Зеро дар он солҳои ҳассосу тақдирсоз бадхоҳони миллати тоҷик намехостанд, ки халқи мо соҳиби ҷумҳурии худ гардад. Аз ин рӯ, Нусратулло Махсум ба ҳайси яке аз роҳбарони ҷумҳурӣ бо ҷасорати фавқулодат ва шуҷоати сиёсӣ барои тақсимоти одилонаи ҳудудӣ, муайян намудани шахсияти миллии мардуми тоҷик мубориза бурда, кӯшиш намуда буд, ки тоҷикон ҳамчун яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва дорои таъриху фарҳанги чандинҳазорсола эътироф ва шинохта шаванд. Хидмат ва кӯшишу ҷонбозиҳои ҳамин гуна фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти миллати тоҷик буд, ки имрӯз давлати мо соҳибистиқлол гаштааст. Дар таърихи худшиносии миллати тоҷик номи чунин фарзандони барӯманд бо ҳарфҳои зарин навишта шуда, дар хотири мардум абадӣ хоҳад монд.
Мо имрӯз ба хотири абадӣ гардонидани номи неки Нусратулло Махсум муҷассамаи ӯро аз нав барқарор кардем. Бигузор, номи нек ва кору пайкори мардонаи ӯ, ки танҳо ба манфиати миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буд, барои наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон сабақи зиндагӣ ва корномаи ӯ дар рушди давлату миллатамон ва барои дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон намунаи ибрат бошад.
Иқтибос аз китоби "Чеҳраҳои мондагор"-и Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон