8 декабри 2020 зери роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт даври навбатии гуфтушунидҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар рафти муколама ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҳамчунин ҳамкории ҳар ду кишвар дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди баррасии ҷонибҳои қарор ёфт. Дар ин росто таваҷҷуҳи хосса ба ҳамкориҳо дар доираи Ташаббуси нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва барномаи минтақавии «Осиёи Марказии сабз» равона гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин омодагии худро ҷиҳати вусъати ҳамкориҳо дар бахшҳои энергетика ва истифодаи самараноки энергияи таҷдидшаванда, тандурустӣ ва муҳоҷират, инчунин мубориза бар зидди тағйирёбии иқлим, пандемияи Covid-19 ва рафъи оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳо иброз намуданд.