9-10 декабри соли 2020 гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистонва Олмон оид ба шарикии рушд дар сиғаи онлайн баргузор гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Федеративии Германияро Ваколатдор оид ба кишварҳои Осиёи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) Гизела Ҳаммершмидт роҳбарӣ намуданд. Зимни чорабинии дурӯза бо иштироки намояндагони баландмақоми вазорату идораҳои ҳар ду кишвар роҷеъ ба сатҳи татбиқи ин афзори робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкори судманд баргузор гардид. Тибқи протоколи имзогардида Ҳукумати Олмон ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, сотмони клиникаҳои муосир, таҷҳизонидани беморхонаҳои мавҷуда, инчунин ҳифзи саломатии модару кӯдак, ва таҳкими занҷираҳои истеҳсолӣ ва зарфиятҳои содиротӣ дар ҳаҷми 19,25 миллион евро маблағҳои бебозгашт пешниҳод хоҳад кард.