Энсиклопедияи насри муосири тоҷик С. Айнӣ. Ёддоштҳо( чаҳор қисм). Иборат аз як китоб. Душанбе. с.2009
“Ёддоштҳо” беҳтарин намунаи насри муосири тоҷик буда осонфаҳм, равон, дилрас ва ҷаззоб аст. “Ёддоштҳо”-ро як навъ феҳрести тафсирии дигар асарҳои устод Айнӣ номидан шояд иштибоҳ набошад, зеро агар амиқ андешед, пай хоҳед бурд, ки устод воқеаро ба таври муҷаз дар “Ёддоштҳо”оварда бо як ҷумлаи ҳаволаӣ иброз медоранд, ки “ ин матлабро дар фалон асарам пурра овардаам ” (мазмунан) ва ё дар бораи қаҳрамони ҳодисае маълумот додаиттилои комилро ба яке аз романҳояш ҳавола мекунанд.
“Ёддоштҳо”-е, ки дар дасти Шумост, асосан аз рӯи “Куллиёт”-и ( ҷилдҳои 6 ва 7) Айнӣ, ки соли 1962 чоп шудааст, рӯинавис шуда, дар дигар сохту андоза муқовабандиву саҳҳофӣ гардида, ҳангоми тарроҳивуороишдар оғози ҳар қисм аз ашъори устод Айнӣ, намунаҳое оварда шудаанд, ки бидуни чор мисраи аввали оғози китоб дигар аз таркиби “Ёддоштҳо” берунанд ва мароми ноширанд. Ҳамчунин аз баъзе аксҳои дар “Куллиёт” овардашуда, ки ба мавзӯъ иртиботи кам доштанд ва матнро такмил намедоданд, сарфи назар шуда, ба ивази онҳо аксҳои дигар, ки аз диди ношир ҷолибтару нодиртар ва аз ҷиҳате такмилдиҳандаи матни асосӣ маҳсуб мешаванд, ҷой дода шуданд.
Ҳамчунин дар тадвину таҳияи матн қонуни забони тоҷикӣ ва қойдаи имлои нав риоя карда шуд.Иловатан баъзе иштибоҳҳои ноширони пешин ба тавассути муқоисаву муқобала бо дигар нашрҳо, минҷумла нашри форсии китоб (муҳаррири масъул Раҳим Ҳошим) ислоҳ карда шуданд. Барои мутолиаи ‘’Ёддоштҳо’’-и С.Айнӣ лутфан ба ин ҷо ангушт занед.
Ёддоштҳо Қисми 1 ( китоби электронӣ бо сабти аудио)
Ёддоштҳо Қисми 2-3 ( китоби электронӣ бо сабти аудио)
Ёддоштҳо Қисми 4 ( китоби электронӣ бо сабти аудио)
Ёддоштҳо Қисми 5 ( китоби электронӣ бо сабти аудио)
Ёддоштҳо Қисми 1 ( китоби электронӣ)
___________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Қаҳрамони Халқи Тоҷик – Темурмалик
Очерки адабию таърихии Темурмалик дар бораи ҳаёт ва корнамоиҳои яке аз фарзандони бузурги халқи тоҷик, Темурмалик ки соли 1220 бар зидди истилогарони муғул мубориза мебурд, бахшида шудааст.Барои мутолиаи ‘’Очерки’ Темурмалик’-и С.Айнӣ лутфан ба ин ҷо ангушт занед.
Ин очерки адабию таърихии донишманд ва адиби бузурги тоҷик устод Садриддин Айнӣ роҷеъ ба ҳаёт ва корномаи як шахсияти бузурги гузаштаи халқамон Темурмалик, ки бар зиди аҷнабиён мубориза бурдааст, ҳикоят мекунад. Хонандаи закӣ ва нуқтасанҷ аз мутолиаи ин асар дар бораи таърихи гузантаи мардуми тоҷик ва шахсияти муборизи диёри Мовароуннаҳр маълумоти муфассал ва дақиқ мегирад. Қаҳрамони Халқи Тоҷик – Темурмалик ( китоби электронӣ бо сабти аудио)
_____________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Очерки Марги Судхӯр
Қиссаи “Марги судхӯр” аз тарафи суханшиносони ватанию хориҷӣ чун қуллаи баландтарини ҳаҷви бадеӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф шудааст. Ба гуфтаи адабиётшиноси маъруфи чех марҳум Иржи Бечка, “Садриддин Айнӣ дар очерки Марги судхӯр дар тасвири олами рӯҳии судхурон ба комёбиҳои калон ноил гардид”. Ба тавассути ин қисса ҳаҷви С. Айнӣ ба тасвирҳои ҳаҷвии В. Шекспир, О. Балзак, А.С.Пушкин, Н.В.Гогол, С.Шедрин, Содиқ Ҳидоят барин нависандагони маъруфи дунё қиёс гардида, образи Қориисмат дар пояи образҳои барҷастаи ҳаҷвии адабиёти ҷаҳонӣ Шейлок, Гобсск, ритсари хасис-Плюшкин, Иудишка Головлев, Ҳоҷиоғо қарор мегирад. Ин қисса дар муддати кӯтоҳ ба забонҳои русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чехӣ, лаҳистонӣ, маҷорӣ, руминӣ, украинӣ, литвонӣ, эстонӣ, қирғизӣ, тарҷума ва чоп гардид. Барои мутолиаи ‘’повести Марги Судхур’-и С.Айнӣ лутфан ба ин ҷо ангушт занед.
___________________________________________________________________________________________________________________________________________________________