Таърих ва Сиёсат

14.12.2020 17:30

САНЪАТИ ДИПЛОМАТИЯ

Ein Bild, das Text, Schachfigur, schwarz enthält.Automatisch generierte BeschreibungДаҳсолаҳои охир дар соҳаи дипломатия зуҳур ва вусъати тамоюли нав зери унвони public diplomacy" - дипломатияи оммавӣ ба мушоҳида мерасад. Хонумон ва ҷанобон-сафирону фиристодаҳо аз бошишгоҳҳои мустаҳкаму муҳофизат- шавандаи худ акнун берун омада, худро дар назди ҷомеаи кишвари иқомат муаррифӣ менамоянд. Онҳо ба пешвози мардум баромада, чорабиниҳои оммавӣ ва дигар маросимҳои пазироӣ ташкил менамоянд, тариқи садову симо муҳовараю гузоришҳо пахш мекунанд, то сайёҳон ва сармоягузорони мамлакати мизбонро ба шинохти давлати худ ва имкониятҳои иқтисодии он ҷалб намоянд. Маҳз бо зарурияти пайдошавии вазифаҳои нав ин санъат ё маҳорати қадимаи идоракунии бурдноки одамон дубора эҳё гардида истодааст. Аммо на танҳо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, балки умуман дар ҳама бахшҳои ҳаёт, он ҷое ки манфиатҳои мухталиф ба ҳамдигар бархӯрд мекунанду одамон барои ба даст овардани ҷонибдорӣ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд, танҳо нафароне метавонанд ба пеш ҳаракат кунанд, ки маҳз аз ин малака ва маҳорат, яъне аз салиқаи дипломатӣ бархӯрдоранд. Китоби  равоншиноси Олмон Франк Науманн «Санъати дипломатия. 20 қоидаи ғолиби нармтабиат»  шуморо ба асрори санъате шинос мекунад, ки дар ибтидои зуҳуру зиндашавии тоза қарор дорад, яъне ҳунари робитаи бобарори байниинсонӣ.  Ҳар як фард, ҳар як марду занеро, ки 20 қоидаи ба шеваи нарму бидуни зӯроварӣ пирӯзӣ ба даст оварданро моҳирона мавриди истифода қарор медиҳад, дипломат, нафари дорои маҳорати дипломатӣ ҳисоб меёбад. Шахси ин қонунҳоро фаро оварда, мутмаину мӯътамад метавонад гуфт, ки ӯ дипломати мумтоз аст.

Барои мутолиаи китоби «Санъати дипломатия» лутфан ба ин ҷо ангушт занед.

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg