Паёми шодбошии Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо ба муносибати Соли Нави 2021

31.12.2020 15:38

Дӯстони азиз, ҳамватанони муқими Олмон

ichauftretenk2020.jpgИнак соли 2020 баъди ҳамагӣ якчанд соат ба анҷом хоҳад расид. Баъди чанде мо соли 2021 ро пешвоз гирифта, умед мебандем, ки он соли самаранок хоҳад шуд. Агар ба соли равон назар афканем, он дар маҷмуъ дар марҳалаи нахустини худ хеле пурҳаводису пурмуҳтаво оғоз гардид, то замоне ки вируси бегонаву ноошно вориди маҷрои зиндагиамон шуд. Мубориза бар зидди паднемияи сарзада дар оғоз чолишеро мемонд, ки бартарафсозиаш амри маҳол ба назар расида, сабру таҳаммули тамоми мардуми оламро дар тарозуи санҷиш гузошт.  Бартарафсозии оқибатҳои пандемия ва ташаккули ҳаёт баъди коронавирус –масоиле, ки моро дар марҳалаҳои минбаъдаи соли 2020 аз ҳама бештар ба андеша оварда, дар соли нав низ муддате машғул хоҳанд дошт.

Бо такя ба гуфтаҳои Сир Петер Устинов «инсониятро зарур аст, ки ҳамеша аз соли қаблӣ дида, дар соли равон бештар омӯзад». Мо бешубҳа дар соли равон назар ба солҳои қаблӣ таҷрибаи бештар ба даст овардем, воситаҳои наву то ҳол ғайримаъмулии муоширатро таҷриба карда, дубора боварӣ ҳосил намудем, ки то чи андоза муоширати мустақими байниинсонҳо падидаи хосу беназир буда, «сӯҳбати рӯ ба рӯ» ва сари як пиёла чой чи андоза самараноку афзалиятнок будааст.

Агар мунсифона андеша кунем, ки ҳам мехоҳад баъди анҷоми  бобарори ин ё он музокирот ё додугирифти тиҷоратӣ аз оғӯшгирии  дӯстона ва фишурдани дасти шарики тиҷоратии худ худдорӣ кунад? Он рӯзгори маъмулие, ки одат карда будем, бояд баргарадонида шавад. Месазад, то баҳри истиқрори он дар Соли Нави 2021 талош кунем.

Як зумра ҳамоишу чорабиниҳои сиёсии соли гузашта барои рушди минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Олмон аҳамияти муҳим доранд. Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон дар Берлин ва ширкати Тоҷикистон дар чорабинии ифтитоҳии «Ташаббуси нави Олмон «Осиёи Марказии Сабз» моҳи январи ҳамин сол, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, музокироти сиёсии ҳар ду кишвар ва гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба шарикии рушд аз ҷумлаи чорабиниҳои соли 2020 ба ҳисоб мераванд. Умуман ҳамкориҳои ҳар ду кишвар имрӯзҳо бахшҳои мухталифи ҳайёти кишварҳоямонро дар бар мегиранд, ки номгӯи онҳо онҳо тамоми ҳуруфи алифборо дар бар мегирад.

Мулоқоту  боздидҳо, музокиротҳо ва ниҳоят сӯҳбатҳои маҷозӣ дар охири сол барои ҳамкориҳои минбаъдаи ҳар ду кишварҳо заминаҳои навро фароҳам овардаанд. Ин имконот ва суҳбатҳои оғознамударо мо ният дорем дар соли 2021 низ баҳри ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон вусъату тақвият диҳем.

Тоҷикистон бо инобати чолишҳои муосир дар садади татбиқи ислоҳоти ҷоришуда ва эълони ислоҳоти нав аст. Кишвар барераҳои эҳтимолиро аз байн бардошта имконоти нави ҳамкориҳоро эҷод карда истодааст. Узвият дар СУС, талошҳо баҳри бархурдорӣ аз низоми GSP+, музокирот роҷеъ ба ҳамкории тақвиятёфта бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилаливу бунёдҳо аз ҷумлаи тасмимҳо буда, тақвияти бахши хусусӣ, рушди саноат, истиқлоли энергетикӣ ва афзоиши занҷираҳои арзиши истеҳсолӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои мушаххас ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистон чун дигар кишарҳои ҷомеаи ҷаҳон низ мувоҷеҳи як зумра чолишҳое ҳасту ба хотири ояндаи беҳтар муқобили онҳо истодагарӣ дорад.  Бартарафсози паёмадҳои пандемия ва таъмини бемамонати озуқаворӣ, тағйири иқлим, ки дар минтақа бахусус дар шакли обшавии пиряхҳо зуҳур карда ба сарчашмаҳои об таҳидид дорад, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ аз ҷумалаи ин чолишҳо ба ҳисоб меравад. Кишвар бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар марзҳои худ мубориза эълон намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз экстремизм, терроризм ва қочоқи инсон аз чораҳои пешгирикунанда кор гирифта истодааст. Тоҷикистон дар тасмимҳои миллӣ ва минтақавии худ ҳамеша ҳамсоякишварҳои худро ба инобат мегираду ҳавасманди истиқрори ҳар чи зудтари сулҳу субот дар Афғонистон мебошад.

Аслан гирем, заминаҳои кофӣ ва захираҳои ҷолиби диққат, то дар баррасии вусъати минбаъда ва экспансияи тиҷорати худ кишвари Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шуда, зимни тарҳрезии сафари оянда ва ё мураххасӣ ин кишвари дорои табиати нотакрор ва мардуми меҳмоннавоз дар мадди назар қарор гардад. 

Дар соли Нав барои ҳар яки шумо тандурустии комил, бурдборӣ ва бозгашти ҳар чи зудтар ба рӯзгори маъмулиро таманно дорам. Аз мулоқоту дидор бо шумо дар чорабиниҳои нақшавии соли 2021 дар Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ва Олмону Лаҳистон қаблан хурсандам.

Соли нав муборак бошад.

Соҳибназар Ғайратшо

Сафир

 

SAFORAT.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg