РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

20.01.2020 15:32

Ангурпарварӣ ва истеҳсоли шароби ангурӣ дар Тоҷикистон

ТАЪРИХИ АНГУРПАРВАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо такя ба пажӯҳиши Созмони байналмилалалии ангурзорҳо кишварҳое, ки дар камарбанди 40°-50° арзи шимолӣ (50° N - 40° N) ҷойгиранд, барои парвариши ангур хеле мусоид ба ҳисоб мераванд. Ба ин паҳно дар харитаи сиёсӣ дар баробари Туркия, Италия ва дигар кишварҳо Тоҷикистон низ шомил аст.  (Ба харита нигаред).

0212212118418285485143.jpg

 Дар сарчашмаҳои таърихӣ роҷеъ ба ангурпарварӣ, истеҳсоли май ва шаробу шарбат,  таваҷҷуҳи тоҷирони аҷнабӣ ба ангури Осиёи Марказӣ далелҳои  ҷолиб вуҷуд доранд. Соҳибкори олмонӣ Вилли Рикмерс, ки солҳои охири асри 19 дар мавзеҳои марбут ба Тоҷикистон ба тиллошӯӣ машғул буд, баъди аз ҷониби императори рус бекор кардани иҷозатномааш ба водиҳои ба Самарқанд наздик сафар карда, ҳамагӣ чанд сол қабл аз инқилоби октябр барои истеҳсоли май ва шароб иқдом менамояд.

Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1920-1930 як қатор маводҳои мавриди ниёз (пашму пахтаи маҳиннах, қаҳваю чой ва ғ)-ро аз хориҷи кишвар ворид менамуд. Аз ҷумла нӯшокиҳои сахттаъсири спиртӣ, аз қабили ром, ки он замон асил ва нӯшокии хос ҳисоб меёфт, аз кишварҳои тропикӣ ворид мекард, ки бо назардошти камчинии асъори хориҷӣ (валюта) серхарҷ ва кайфияти гароннарх ба ҳисоб мерафт.

Он замон Маскав ба Душанбе дастур дод, ки бо таъсиси пажӯҳишҳо ва истгоҳҳои озмоишӣ имкони парвариши маҳсулоти субтропикӣ бахусус дарахтони тунг, меваҳои ситрусӣ, анҷир, анор, растаниҳои ҷут, зайтун, растании каучукдори гваюла ва найшакарро омӯзад.

istekhsoli-rom.jpg Таърихи ташкили майдонҳои найшакар дар қаламрави Тоҷикистон хеле ҷолиб аст. Нахустин майдонҳои озмоишӣ дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар (Фархору Шаҳритуз) таъсис дода шуданд, ки бинобар наздикӣ ба дарёҳои Панҷ ва Қизилсу, мавҷудияти туғайзорҳои беканор ва намнокии баланд барои парвариши найшакар мусоид буда, аз ҳар як гектар 40-50 тона растанипоя ба даст меомад. Ҳадафи аввалия, ки истеҳсоли шакар ба ҳисоб мерафт, ба зудӣ аз лиҳозӣ иқтисодӣ камсамар будани худро исбот намуд.

Қарор шуд, ки аз найшакар нӯшокии ром ва сипас «меласса» - афшурдаи ғализу қаҳваранг ва серқанди найшакар истеҳсол шавад.  Бо ин мақсад дар назди яке аз 9 озмоишгоҳҳо корхонаи истеҳсоли ром сохта шуда, афшураи найшакар баъди анҷоми равандҳои лозимӣ ҷиҳати табдили он ба нӯшокии ром ба чалакҳои аз чӯби булут сохташуда пур мегардид. 

istekhsoli-rom-bochkakho.jpg Бо гузашти 5 соли таъсиси заминҳои найшакар ва корхонаи истеҳсоли ром соли 1949 дар намоишгоҳи шаҳри Москва бахшида ба 20-умин солгарди ҶШСТ олимони замон ба иштирокчиён дар бобати ҳосили фарровони найшакар иттилоъ дода, «роми» 5-соларо пешкаши иштирокчиён намуданд, ки он давра аз лиҳози таъму рангу сифат ва спиртнокӣ аз «маҳсулоти хушсифати ғарбӣ» фарқ надошт. Солҳои минбаъда ангурпарварӣ, тамокупарварӣ (то 10 ҳазор тонна тамокуи аълосифат), равғани геран, лимуи хуштамъ, анҷир ва ғ. ривоҷ ёфта, ин гӯшаи иттиҳод дар баробари дигар кишварҳо ба як мавзеи аз лиҳози туризм ҷолиб ва аз лиҳози экологӣ тоза табдил ёфт.

Мутаассифона, дар солҳои минбаъда идомаи ин лоиҳаи аз лиҳози иқтисодӣ ҷолиб бо назардошти як қатор омилҳои беруна боздошта шуда, ҷои онро парвариши дигар маҳсулоти техникии аз лиҳози саноатӣ муҳим (ғалладона, лаблабӯ, рапс ва ғ.) гирифт. Ҳамзамон, дар солҳои минбаъда парвариши бештари пахта ва тамоку ба роҳ монда шуда, масоҳати майдонҳои ангурпарварӣ мавқеи найшакарпарвариро маҳдуд намуд.

Хусусан токпарварӣ баъди тамокупарварӣ дар Тоҷикистон ба соҳаи сердаромад табдил ёфт. Бо назардошти миқдори ками заминҳои обӣ аллакай солҳои 70-уми асри гузашта ангурпарварон ба азхудкунии заминҳои лалмӣ пардохта, ҳосили хуб мегирифтанд. Зиёда аз 16 хоҷагиҳои шӯравии (совхозҳои) дорои корхонаҳо ба парвариш ва коркарди саноатии ангур машғул буданд. Совхозҳои ангурпарварӣ вуҷуд доштанд, ки солона аз як гектар то 20 тонна ҳосили ангур мегирифтанд.  Ба туфайли боду ҳавои мусоид ва рӯзҳои офтобӣ қанднокии ангурҳои Тоҷикистон 26-28 фоизро ташкил медод. Мавҷудияти маҳсулоти баландсифат ба рушди соҳаи шаробпазӣ ва арақкашӣ мусоидат намуд. Шароби тоҷикӣ бо сифати хуби худ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муштариёни худро пайдо намуд.

26-06-20-ZakVin.jpgТибқи омори даврони шӯравӣ Тоҷикистон то соли 1985 солона то 6 миллион декалитр (60 ҳазор тонна) майи сафеди «Душанбе», «Помир», майи сурхи «Вахш», «Гиссар», «Ҷаус», «Арал», «Тагобӣ», Ширинӣ» ва «Орзӯ», инчунин портвейни «Тоҷикистон», Курғонтеппа, «Тойфи» истеҳсол мекард. Ҳар сол заводи шароббарории Шаҳртӯз зиёда аз 3 миллион дона нӯшокии «Советское шампанское» истеҳсол мекард. Вазъи имрӯзаи саноати коркарди ангур ва истеҳсоли шароб (ба истиснои арақкашӣ) ба ҳамагон маълум. Он аз ҳатто як қисми истеҳсолоти он давраро ташкил намедиҳад. Бахусус қабули қонун дар бораи манъи умумимиллии истеҳсол, фурӯш ва гардиши шароб «сухой закон» аз соли 1985 ба ояндаи саноати ангурпарварӣ ва шаробпазӣ дар Тоҷикистон таъсири амиқи манфӣ расонид.

vino.jpgМутаносибан таҷҳизоти истеҳсолӣ фарсудаву корношоям гардида, анвои ашёи хом, яъне ангур дигар шуд. Ба маҳзи нигоҳдории дарозтар ва фурӯши минбаъдаи он айни замон дар Тоҷикистон ба парвариши навъҳои наву мутобиқшудаи ангур бартарӣ дода мешавад. Ғайрирақобат будани шароби тоҷикӣ ва умуман коҳиш ёфтани истеъмоли он дар дохили ҷумҳурӣ сабабҳои дигари қафомондагии ин бахш ба ҳисоб меравад. Агарчанде сабаби охирин тамоюли ивазшавӣ дорад. Баъзе соҳибкорону сармоягузорон иддао доранд, ки истеҳсоли шароб дар кишвари суннатӣ аз лиҳози иқтисодӣ камарзиш ва маҳсулоти истеҳсолӣ камхаридор ба ҳисоб меравад.  Ба ин розӣ шуда наметавонем. Бубинед, ки аз 6 миллион декалитр шароб ва 3 миллион шиша шампани истеҳсоли тоҷикӣ, ки то соли 1985 истеҳсол шуда, таъм ва маъруфияташон аз шаробҳои дигар ва «шампани Қрим» кам набуданд, ҳамагӣ як ҳиссааш дар Тоҷикистон сарф мегардиду, боқимонда ба кишварҳои аъзо содир мегардид ва даромади он 12-15 фоизи буҷаи онвақтаи ҷумҳуриро то соли 1985 ташкил медод.

АШЁИ ХОМИ ФАРОВОН, РУКУДИ СОҲА. ЧИ БОЯД КАРД?

1-PIC7510.jpg Масоҳати боғҳои ангур ва токзорҳои Тоҷикистон бо такя ба омори Вазорати кишоварзӣ наздики 38.000 гектарро ташкил медиҳад. Солона ба ҳисоби миёна 500.000 тонна ҳосили ангур ғундошта мешавад, ки он ба сари ҳар як гектар 13 тонна ангур ва ё 100 гектолитр шароб рост меояд. Тибқи иттилои вазорату идораҳои соҳавӣ дар 45 ноҳияҳои Тоҷикистон 50 навъи ангурҳо парвариш карда мешаванд. Ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Данғара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров дар самти парвариши ангур пешсафанд. Ангури Тоҷикистон меваи ширину сервитамин буда, андозаи қанднокиаш то 25%-мерасад.Ба ангурҳои Тоҷикистон талабот дар хориҷи кишвар рӯ ба афзоиш аст. Дар ҳоли ҳозир ангури Тоҷикистон ба Россия, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон барои фурӯш фиристода мешавад.

 Ин ҷо зарур мешуморем чанд сухан низ дар бобати истеҳсоли арақ нависем. Бозори арақ дар Тоҷикистон айни замон хуб рушд карда истодааст. Истеҳсолкунандагони арақ фаъолияти худро аслан барои баровардани эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ба роҳ мондаанд, агарчанде арақи истеҳсоли Тоҷикистонро коршиносони соҳавӣ баландсифату хуштамъ арзёбӣ мекунанд. Тоҷикистон дар истеҳсоли спирт аз ашёи хоми гандум ва оби чашмаҳои кӯҳистон истифода мебаранд. Чашмаҳои оби табиӣ дар Тоҷикистон дорои ҳаҷми ночизи намакҳо ва сифати баланди органикӣ буда, мутаносибан барои истеҳсоли арақ мусоид мебошанд.

Чаро бахши хусусии кишвар ба истеҳсоли май ва шароб мароқ надорад, дар ҳоле ки тавре дар боло қайд гардид, ҳамасола то 500.000 тонна ашёи хоми дорои қанднокии баланд дар дохили кишвар истеҳсол мешавад? Зарур мешуморем ба ин савол равшанӣ андохта, ҳамзамон заминаҳои роҳандозии истеҳсоли онро дарҷ намоем.

SHokhona-assorti.jpg1. Ҷои шубҳа нест, ки истеҳсоли саноатии шароби ангурӣ ба фарқ аз арақ ва оби ҷав мушкилтар буда, серхарҷ ва ба сармояи бештар ниёз дорад. Вале содироти маҳсулоти коркардшуда одатан аз содироти ашёи хом беҳтару фоиданоктар аст. Бо ибораи дигар, содироти май дар баробари содироти ангур суди бештар хоҳад дошт.

2.Барои истеҳсоли майи ангури  дорои сифати баланд таҷҳизоту фанновариҳои муосир лозим, ки харидории онҳо танҳо тавассути пешниҳоди қарзҳои (кредитҳои) пардохтпазир имкон хоҳад дошт.

  1. 1.Барои омӯзишу таҷрибаи найшакаркорӣ ва истеҳсоли ром солҳои 20-30 юми асри гузашта гуруҳи олимону мутахассисон аз тамоми гушаву канорҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон сафарбар гардида, ба ин мақсад муассисаҳои нави пажуҳишӣ, озмоишгоҳҳо ва корхонаҳои шаробкашӣ таъсис дода шуданд. Ин соҳа, ки чандин сол боз дар Тоҷикистон рушд накардааст, барои таҷдиди худ ба мутахассисони баландкасб ва менеҷерҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин мутахассисони маҳаллӣ ниёз дорад.
  2. Бо мурури замон он ҳама зерсохторҳои мавҷуда (совхозҳои ангурпарварӣ, корхонаҳои қабул ва нигаҳдорӣ, коркард ва хатҳои истеҳсолӣ барҳам хурда, заминҳои онҳо ба дигар ҳадаф истифода мешаванд. Умуман барои бозоргир кардани ангури тоҷикӣ ва имкони фурӯши он имрӯзҳо ангурпарварон ба навъҳои махсуси тобовару пустғафс ва ғ. бартарӣ медиҳанд, ки бо вуҷуди зебову хуштамъ буданашон барои истеҳсоли май мувофиқ нестанд. Зарур аст, ки навъҳои нави ангурҳои ватанӣ ба вуҷуд оварда шаванд. Ҳудуди Тоҷикистон ба паҳнои кишварҳои барои ангурпарварӣ мусоид дохил мешавад, аз ин рӯ парвариши ҳама гуна навъҳои ангур аз эҳтимол дур нест.
  3. Зарур аст шаробҳо зери брендҳои нави ватанӣ истеҳсол шаванд. Замони муосир роҳҳои нави таблиғро тақозо менамояд.  Имрӯз дар бозорҳои Аврупо барои бисер муштариён нӯшокиҳои «раки», «шарап», «широз», «шабат», ва даҳҳо навъи нӯшокиҳои мардуми шарқ на танҳо маълум, балки ҳамчун нӯшокиҳои маҳбуб ба ҳисоб мераванд.
  4. Собит шудааст, ки шаҳрвандони аврупоӣ зимни мурахассиҳои худ бештар шароб менӯшидаанд. Агар кишвар худро ҳамчун мавзеи саёхати экотуризм муаррифӣ карданӣ бошад, пас мавҷудияти якчанд навъи шаробҳои наҷибу аълосифати ватанӣ метавонад шумораи бештари муштариёну хоҳишмандонро барои сайру саёҳат ба Тоҷикистон таҳрик диҳад. Ташкили сайрхатҳои нави сайёҳӣ ба майдонҳои ангурпарварӣ, гелоспарварӣ, имкони пешниҳоди маҳсулоти истеҳсолшаванда дар шакли туҳфаҳои хотиравӣ ва шиносоӣ бо кори хоҷагидорон бешубҳа ба таблиғи босуръати соҳа мусоидат хоҳад кард.

ИСТЕҲСОЛИ ШАРОБ ВА ДУРНАМОИ ОН

Соли 2019 дар миқёси ҷаҳон 244 миллион ҳектолитр (24,4 миллион тонна) шароби сурх ва сафед истифода (нӯшида) шудааст. 108 миллион гектолитр шароб дар соли гузашта мавриди тиҷорат ва гузаштани ин ё он марз қарор гирифтааст. Бо ибораи дигар, ҳар як дувумин шишаи шароб берун аз ҳудуди кишвари истеҳсолкунанда истеъмол шудааст.

Ширкати таҳлиливу машваратии Wine Intelligence дар бораи истифодаи шароб дар давраи пандемияи коронавирус пажуҳиш анҷом дода, мушаххас намуд, ки дар кишварҳои Аврупо, Британия, Канада, Чин ва ИМА назар ба давраи қабл аз пандемия бамаротиб шароби бештар истеъмол шудаасту ин тамоюл дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳатто истифодаи бештари шароб берун аз вақтҳои истеъмоли хӯрок низ ба мушоҳида мерасад. Яъне талаботи аҳолӣ дар дунё барои шароб ҳамчун нӯшокии сусттаъсир новобаста аз пандемия афзоиш ёфтааст.

Бо такя ба дигар пажуҳиши анҷомдода айни замон истеъмолкунандагон аз нӯшокиҳои сахттаъсир даст кашида, ба шаробҳои ангурии хушк, нимхушк ва нимширин бартарӣ дода истодаанд. Ширкатҳои алоҳида ба истеҳсоли зарфҳои махсус (термосҳо) пардохтаанд, ки сабуку хурд буда, қобилияти хунук нигоҳ доштани шаробро доранд ва ба сайёҳон пешниҳод тавсия мегарданд.

Ва ниҳоят истеҳсоли машрубот барои буҷаи миллии ҳар як кишвар фоиданок ба ҳисоб меравад. Барои мисоли қисмати даромад аз истеҳсоли шаробу май ва маҳсулоти алкоголиву тамоку дар давраи Шӯравӣ қобили мулоҳиза буд.

Барои истеҳсол ва истеъмоли шароб дар Олмон аз соли 1902 инҷониб андози махсус (андози кафк) ҷорӣ шудааст, ки он барои 100 литр шароб 136 евро муқаррар шудааст. Андози «кафк» (Schaumsteuer) барои як шиша шароби ҳаҷмаш 0,75 литр  тахминан 1,02 евро муқаррар шудааст ва бо берун шудани шароб аз анбори корхона аз ҳисоби истеҳсолкунанда ситонида мешавад. Ба буҷаи Олмон ҳамасола аз 320 то 500 миллион евро «андози кафк» ё андози шароб ворид мегардад.

Олмон назар ба Тоҷикистон 3 баробар бештар (102 ҳазор гектар) майдони ангурзор дошта бошад ҳам, аммо солона ба ҳисоби миёна то 800 ҳазор тонна шароб истеҳсол мекунад. Ин ба сари ҳар як гектар 7-8 тонна шароб рост меояд. Набояд фаромӯш кард, ки Олмон тӯли сол дар маҷмӯъ 1600-2000 соатҳои офтобӣ дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, кишвар, ҳамчунин Фаронсаву Испания ва Италия таҷрибаи бойи ангурпарварӣ ва истеҳсоли шароб доранд.  Ҳар як нафар олмонӣ тӯли сол (ба ҳисоби миёна) 102 литр пиво, 23 литр шароб ва 5,4 литр нӯшокиҳои сахтаъсир менӯшад. Ба сари ҳар як нафар аҳолии Фаронса 50 литр шароб (вино) рост меояд. 

Тавре мебинед, ангурпарварӣ ва истеҳсоли шарбату шароб яке аз бахшҳои иқтисод ба ҳисоб меравад, ки дар сурати таваҷҷуҳи бештар метавонад ба зудӣ ба соҳаи фоиданок табдил ёбад. Ашёи хоми баландсифат, рӯзҳои зиёди офтобӣ, қувваи кории арзон, оби ширин ва бозорҳои мавҷуда заминаҳои асосии рушди ин соҳа ба ҳисоб мераванд, ки хушбахтона онҳо дар Тоҷикистон вуҷуд доранд.

Руъёҳои нав, бизнес-нақшаҳои шумо дар бобати ривоҷи ин соҳа, зарфиятҳои истеҳсоли босубот ва аз ҳама муҳим, муаррифии шоистаи онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва ибрози ниятҳои ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб судманд гарави муомила бо сармоягузорони хориҷӣ ва рушди ин соҳа хоҳанд буд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg