“Ҳафтаи сабз-2021” дар сиғаи маҷозӣ ба кори худ шурӯъ кард

20.01.2021 15:54

20-22 январи соли 2021 дар маркази намоишгоҳҳои Берлин “Messe Berlin” 86-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ – “Ҳафтаи сабз-2021” баргузор мегардад. Намоишгоҳ бинобар маҳдудиятҳои тӯлонии кунунӣ дар сиғаи маҷозӣ сурат хоҳад гирифт.

Чорабинии имсолаи “Ҳафтаи сабз-2021” таҳти шиори “Поягузорӣ ба фардо” мавзӯъҳои мубрами соҳаи кишоварзӣ, коркарди саноати хӯрокворӣ ва боғдориро фаро гирифта, ҳама маърӯзаву мубоҳисаҳо тавассути интернет мустақиман пахш мешаванд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи намоишгоҳи зикрёфта “13-умин Ҳамоиши ҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ” (GFFA) доир мегардад, ки дар кори он иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Соҳаи кишоварзии Тоҷикистон тайи солҳои охир ба туфайли ҷорӣ намудани фанновариҳои нав (know-how) ва усулҳои обёрӣ сатҳи сифатан навро касб кардааст. Аммо ҳадафҳои стратегии кишвар барои бахши кишоварзӣ таҷрибаи бештарро тақозо менамоянд. Дар ин росто, истифодаи технологияҳои муосир барои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда бо кишварҳои ҳамшарик заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард. Парвариши меваю сабзавот, хусусан ШАРОБПАРВАРӢ яке аз соҳаҳои умедбахшу ояндадори кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

gr-ne-Woche.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg