26 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муаррифӣ намуданд.
Президенти Тоҷикистон дар паёми навбатии худ бо ишора ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза ва таъсири пандемия ҳукуматро муваззаф намуд, ки фаъолияти худро баҳри муқовимат ба буҳронҳои сарзада, истифодаи васеъи захираҳои молиявӣ баҳри рушд ва таъмини гуногунсамтии иқтисод, вусъати рақамикунонӣ, дастрасии бахши хусусӣ ба сарчашмаҳои молиявӣ, инчунин бо дарки пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба заминагузории иқтисоди «сабз» равона намояд. Рақамикунонии иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармояи миллӣ ба бахшҳои иқтисод, қабули кодекси андоз дар таҳрири нав бо инобати бахши хусусӣ, бекор намудани баъзе андозҳо барои кишоварзон, беҳтарсозии мавқеи зан дар ҷомеа, таваҷҷуҳи бештар ба насли наврас аз ҷумлаи тасмимҳо дар соли ҷорӣ хоҳанд буд.
Бо мақсади таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар тамоми қаламрави кишвар, ва бад ин васила вусъат бахшидани раванди татбиқи “ҳукумати электронӣ” Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон таъсис дода хоҳад шуд.
Президенти Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир дар соли 2021 қабл аз ҳама ба иқтидору имкониятҳои дохилии кишвар истифодаи самараноки он, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ аҳамияти бештар равона хоҳад шуд. Соҳаи дорусозӣ ва рушди минбаъдаи он дар Тоҷикистон, коркарди саноати маъдан бо назардошти ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи дигар мавзӯҳое ба шумор мараванд, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми худ таъкид намуданд.
Зимни муаррифии сиёсати хориҷии Тоҷикистон Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки бо назардошти «Сиёсати дарҳои боз» масъалаҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои дунё, ҳамчунин бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар сархати авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ боқӣ мемонад. Матни пурраи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайванди мазкур қобили дарёфт мебошад.