Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Афғонистон

01.03.2021 13:08

1 марти 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Нобро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Афғонистон ва раванди тадорукот ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро ҷиҳати иштирок дар Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии “Қалби Осиё-Раванди Истанбул”, ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Tajik Foreign Minister and Afghan Deputy Foreign Minister 01 03 2021.jpg

Нигористон

Тақвим