15 марти 2021 мулоқоти маҷозии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин Соҳибназар Ғайратшо бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба Афғонистон ва Покистон Маркус Потсел ва Сафири Афғонистон Ямо Ёрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат роҷеъ ба татбиқи раванди сулҳ дар Афғонистон ва аҳаммияти он барои минтақаи Осиёи Марказӣ дар партави омодагӣ ба Конфронси нуҳуми вазирони "Қалби Осиё - Раванди Истанбул", ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мубодилаи афкор сурат гирифт.