18 марти 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири Бунёди Конрад Аденауэр оид ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Петер Ҳефеле баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масоили роҳандозии ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Бунёди Конрад Аденауэр ва ширкати он дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки Тоҷикистон баррасӣ шуданд.