Тоҷикистон аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи сурма дар ҷои сеюм (пас аз Чин ва Таиланд) ва дар байни кишварҳои ИДМ ҷои аввалро ишғол мекунад. Камарбанди симобу сурмаи Зарафшону Ҳисор дар Тоҷикистони марказӣ дорои иқтидори азими металлогении маъдани сурма мебошад, ки дар панҷ минтақаи маъдан паҳн шудааст. Захираҳои асосии ин маъданҳо дар конҳои "Джизикрут" ва "Кончоч" ҷойгиранд. Корхонаи маъдантозакунии "Анзоб" дар заминаи захираҳои мавҷуда фаъолият мекунад. Айни замон корхонаи маъдантозакунии Анзоб бозори мунтазами фурӯши ашёи хоми сурмаи коркардшударо надорад, аз ин рӯ он ғайримунтазам кор мекунад ва на бо иқтидори пурра (700,000 тонна/сол). Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти солҳои охир дар уфуқҳои амиқи кони "Джизикрут" маъданҳои бойи сурма, ки дорои зиёда аз 15% металл, консентратҳои саноатии тилло ва дигар моддаҳои арзишманд аст, кашф карда шуданд. Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад, ки дар солҳои наздик ҳаҷми захираи конҳои кашфшударо афзоиш диҳад ва ба ин тариқ истеҳсоли банақшагирифтаи корхонаи маъдантозакунии «Анзоб»-ро то ба 700 ҳазор тонна дар як сол расонад. Дар масофаи начандон дур аз корхонаи коркарди маъданҳо боз як кони дигари сурмаву симоб "Скальное" кашф ва таҳқиқ карда шудааст (ки тибқи иттилои мавҷуда дорои 50% захираҳои сурмаи кишварҳои узви ИДМ аст). Масалан, вайро метавон ҳамчун манбаи захираи ашёи хоми корхонаи маъдантозакунии «Анзоб» ва ё ҳамчун як объекти мустақил барои сохтмони корхонаи нави маъдантозакунӣ баррасӣ кард.
Айни замон дар шимоли Тоҷикистон сохтмони корхонаи истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма аз тарафи Маҷмааи истеҳсолии “ТАЛКО Голд” бо срмоягузории 200 миллион доллар идома дорад. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад.
Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.
Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар кишвари мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.
Аз рӯи маълумоти расонаҳои ҷаҳонӣ ду - се соли пеш Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи истихроҷи сурма баъд аз Хитой, Россия ва Боливия дар ҷойи чорум қарор дошт. Солҳои охир ҳаҷми истихроҷу коркарди сурма боз ҳам афзудааст. Аз рӯи захираҳои умумии сурма Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиё ва ҷаҳон дар яке аз ҷойҳои аввал ҷойгир шудааст.
Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёти худ боз як қадами устувор гузорад.
Захираи умумии саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо бо гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ метавонанд боз ҳам афзун гарданд.
Сурма асосан барои истеҳсоли рангҳо, лакҳо, шиша, дар корҳои кулолгарӣ ва дорусозӣ истифода мешавад. Инчунин сурма ҳамчун маводи ба хурдашавӣ тобовар дар таҷҳизоти ҳаммохонаҳо ва истеҳсоли қубурҳои барои интиқоли кислотаҳо ва дигар моеъҳои каррозӣ истифода мешавад.
Саноати мошинсозӣ низ, чун қоида ба хӯшаҳои сахт ва ба хурдашавӣ тобовар аз қабили сурб ва сурма эҳтиёҷ дорад. Ҳамчунин сурма барои руйпуш кардани панҷараҳои зиннатдиҳандаи автомобилҳо ҳамчун маводи хурданашаванда васеъ истифода мешавад ва оҳане, ки бо сурма омехта шудааст, маводи хуби зиддимикробӣ мебошад.