Алюминий

06.04.2021 17:55

jqaqaq.jpg Дар солҳои 70-уми асри гузашта дар Тоҷикистон як бахши муҳими иқтисод – металлургияи ранга, яъне саноати алюминий таъсис ёфт. « ТАДАЗ – Корхонаи алюминии Тоҷик» сохта шуд. Дар ҷумҳурӣ нерӯгоҳҳои нави пуриқтидор сохта мешаванд ва сохтмони боз як корхонаи алюминӣ ба нақша гирифта шудааст. Аммо масъалаи таъмини ин корхонаҳо бо заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ҳоло ҳам ҳалли худро наёфтааст. Кишвар ҳамасола садҳо ҳазор тонна гилхокро аз кишварҳои дигари ИДМ харидорӣ менамояд. Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти зиёди корхонаи алюминиро бо гилхок аллакай солҳои 70-уми асри гузашта кони сиенитҳои нефелиндор «Турпи» бо захираи зиёда аз 300 миллион тонна маъдан пешакӣ таҳқиқ карда шуд. Ин кон дар масофаи 350 км аз қисмати шарқии корхонаи алюминий ҷойгир аст. Соли 1972 Институти алюминий-магнийи Шӯравӣ гузориши техникӣ-иқтисодиро дар бораи мақсаднок будани коркарди саноатии кони «Турпи»-ро омода намуда буд. Гузориши техникӣ-иқтисодӣ бар асоси нақшаи коркарди технологии сиенитҳои нефелиндори Академияи илмҳои Арманистон ва як қатор муассисаҳои дигари илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳия шудааст. Имконияти ба даст овардани консентрат тавассути бойгардонии кимиёвӣ ва коркарди гармӣ мушаххас шуда буд.

Дар наздикии кони сиенитҳои нефелиндори “Турпи” кони мармари “Ганчинское”, ки барои истеҳсоли оксиди алюминий зарур аст, кашф гардид. Ҷалби кони мазкур ба истеҳсолот ва таъмини корхонаи алюмини тоҷик бо ашёи хоми маҳаллӣ ҳанӯз ҳам масъалаи мубрам боқӣ мондааст. Аз ин рӯ Саридораи геология Тоҷикистон ҷиҳати бунёди заминаи ашёи хоми маҳаллӣ барои корхонаи алюминӣ ва корхонаи зарфсозии дар наздикӣ қарордошта корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст. Дар ин робита масъалаи таҳқиқи объектҳои зуҳуроти боксит ва гилхоки дорои таркиби баланд, ки солҳои гузашта кашф шуда буданд, дубора дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифтанд, чунки набудани нақшаи технологии коркарди ин моддаҳо ба оксиди алюминий сабаби ба таъхир афтодани ин масъала гардид. Дар назар аст, ки таҳқиқоти техникиву иқтисодии муосир гузаронда шуда, мақсаднокии ташкили истеҳсоли оксиди алюминий бо дарназардошти кони «Турпи» санҷида шавад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg