Конҳои Стронтсий асосан дар минтақаи Хатлон, дар масофаи 190 км дар самти ҷанубу ғарби пойтахт шаҳри Душанбе кашф карда шудаанд. Стронтсий дар шакли намак зиёдтар дар металлургия, саноати ядроӣ ва кимиёӣ, инчунин дар соҳаи дорусозӣ истифода мешавад.
Ҳаҷми умумии маъдан дар конҳои "Чалташ", "Даудир", "Чилкутан" бо миқдори назарраси стронтсий имкон медиҳад, ки дар кишвар корхонаи маъдантозакунӣ бо иқтидори солонаи 180 тонна маъдан сохта шавад. Танҳо дар калонтарин кони маъдани минтақаи Балҷувон захираи 1,2 миллион тонна сурб ва 1,2 миллион тонна руҳ тахминан ҳисоб карда шудааст.
Дар Тоҷикистон дар наздикии шаҳри Кӯлоб якчанд конҳои сулфати стронтсий таҳқиқ карда шудаанд, ки захираи умумии онҳо барои ташкили корхонаи самаранок барои истеҳсоли консентрати сулфати стронтсий ва дар оянда намаки стронсий дар ҷумҳурӣ имкони хуб фароҳам меорад.