18 майи 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармс баргузор гардид. Дар вохӯрӣ пиромуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду кишвар пас аз ҳамагирии COVID-19 мубодилаи афкор сурат гирифт.
Сафир бо ишора ба саноатикунонии босуръати кишвар ва ислоҳоти роҳандозишудаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон, Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, сармоягузорон ва доираҳои ҳавасманди олмониро барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои авлавиятнок даъват намуд. Ҷонибҳо баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкории ду кишварро дар марҳалаи баъдибуҳронӣ амри зарурӣ шумориданд.