Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Лаҳистон

22.05.2021 07:38
 

20 майи 2021 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар Берлин) Соҳибназар Ғайратшо бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Мартсин Пшидач баргузор гардид.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои робитаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ карда, доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо ва  кишварҳои узви  Чаҳоргонаи Вишеград ва Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Баҳри тавсеаи бештари робитаҳои ду кишвар дар пешорӯи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ, ҷонибҳо зарурати баргузории ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Лаҳистон, таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва тавсеаи пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ миёни ду кишварро таъкид карданд.

Foto-1-21-05-2021.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg