Ҳавасмандии Лаҳистон барои ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон

24.05.2021 08:56

Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳаш дар Берлин) Ғайратшо Соҳибназар бо Ноиби президент, Мудири кулли Палатаи тиҷорати Ҷумҳурии Лаҳистон Марeк Клотско, ки 21 майи 2021 баргузор гардид, доираи васеи имкониятҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ғайратшо Соҳибназар қайд намуд, ки раванди саноатикунонии кишвар, таъсиси равзанаи ягона ба манзури соддагардонии амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва убурӣ, мавҷудияти имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла барои доираҳои тиҷоратии кишварҳои Аврупои Шарқӣ имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст.

Марeк Клотско иброз дошт, ки соҳибкорони лаҳистонӣ барои роҳандозии ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин рӯ, ҷонибҳо баҳри танзими форуми маҷозии соҳибкорон миёни ду кишвар дар тирамоҳи соли ҷорӣ ибрози омодагӣ намуданд. 

foto-tp.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg