Бизнес-портал B2B

10.06.2021 12:25

1161659.png Бо мақсади муаррифии молу маҳсулотҳо, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар доираи Нақшаи 300 рӯзи ислоҳот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии шарикони рушд портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) дар сомонаи «www.b2b.tj» ташкил карда шуд. Ҳадафи портали мазкур дастгирии иттилоотии субъектҳои соҳибкорӣ барои рушди фаъолияти онҳо, тақвияти содирот ва ҷалби сармоя ба шумор меравад. Портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) ин майдон барои ҷустуҷӯ, фурӯш ва бароҳмонии ҳамкорӣ байни ширкатҳо мебошад.

Дар портал маълумотҳои зарурӣ вобаста ба фазои соҳибкорию сармоягузорӣ, фаъолияти ширкатҳои ватанию хориҷӣ ва маҳсулотҳои истеҳсолии онҳо дар Тоҷикистон пешкаши ҳамагон гардидааст. Маълумотҳо дар портал бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас мебошанд.

Портали мазкур роҳ ба олами муносибатҳои тарафайни тиҷоратии ҷаҳонӣ мебошад, ки дар навбати худ аз сомонаҳои зиёд иборат аст. Он ҳамчун як макони дастрасӣ ба иттилооти дар интернет ва сомонаҳо мавҷудбуда мебошад, ки ба истифодабарандагон ҷиҳати ҷустуҷӯи маълумоти зарурӣ кумак мерасонад.

Бизнес-портал ҷиҳати ҷустуҷӯи шарикони нав, пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар дохил ва хориҷи кишвар имкониятҳои навро фароҳам меорад. Дар баробари ин, ба таври шаффоф вазъи иқтисодии ҷумҳуриро барои сармоягузорон муаррифӣ менамояд. Ҳамзамон, он ба ҳайси роҳнамои тиҷоратӣ барои шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон хизмат менамояд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg