6 сентябри 2021, вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Маттиас Люттенберг баргузор гардид.
Ҷонибҳо зимни муҳокимаи мавзӯъҳои дуҷониба, ҳавасмандии амиқро барои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ иброз доштанд.
Ҳамчунин ҳамсуҳбатон роҷеъ ба масъалаи амалисозии ташаббуси Осиёи Марказии Сабз, муборизаи муштарак бо тероризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, амнияти минтақавӣ ва таҳкими марз мубодилаи афкор намуданд.