Дӯстони азиз, ҳамватанони муқими Олмон ва Лаҳистон,
9 сентябри соли 2021 мардуми тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии худро қайд мекунад. Воқеан, истиқлолият бузургтарин ва арзишмандтарин неъматест, ки миллати тоҷик тайи ҳазорсолаи охир ба он шарафёб гардид. Тавассути соҳибихтиёрӣ кишвар дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ намудор гардид.
Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомада, барои таъмини суботу амният ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ кӯшишу заҳматҳои зиёд ба харҷ дода шудаанд. Фурӯпошии ғайричашмдошти Иттиҳоди Шӯравӣ, омода набудан барои гузариш аз иқтисодиёти нақшавӣ ба шароити бозаргонӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ барои кишвари тозаистиқлол паёмадҳои фоҷеабор овард.
Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо қувваҳои марказгурез ва душманони берунаро аз ҳадафҳои ғаразнокашон маҳрум намуд, балки ба мардуми тоҷик имкони зиндагӣ дар фазои орому осуда ва амалишавии орзӯву ниятҳоро ато намуд. Тоҷикистон бо эълони сиёсати хориҷии “дарҳои боз” ба таҳкими робитаҳо бо дигар кишварҳо шурӯъ кард, ки истиқлолияташ ҳамакнун аз ҷониби 161 давлати дунё эътироф шуда, бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Новобаста аз рӯйдодҳои Афғонистони ҳамҷавор, имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамчун яке аз минтақаҳои амн дар ҷаҳон боқӣ монда, ба маркази ҳамоишҳои сершумори байналмилалӣ мубаддал гаштааст.
Бино ба таъкиди шоир ва мутафаккири машҳури олмонӣ Волфганг Гёте, “Асоси муваффақиятро ду чиз ташкил медиҳад: мавҷудияти ҳадафҳои возеҳ ва иродаи қавӣ баҳри татбиқи онҳо”. Бо амалишавии ормони давлатдорӣ баъд аз садсолаҳо, Ҳукумат дар солҳои минбаъдаи давлатдории худ бо қабули як қатор стратегияҳо ҳадафҳои мушаххаси худро тарҳрезӣ кард.
Дар ин барномаҳо принсипҳои иқтисоди сабз ва афзалиятҳои сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ дарҷ гардида, истифодаи самараноки тамоми захираҳои табиӣ, диверсификатсияи иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии он, тавсеаи саноати ватанӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, таҳкими қишри миёнаи ҷомеа, инчунин ҳифзи муҳити зист ва рушди баробари ҳамаи минтақаҳоро дар назар доранд.
Тоҷикистон аз ҷумлаи он кишварҳое нест, ки ба туфайли ҳаҷми зиёди ихроҷи газҳои гулхонаӣ ҳамчун сабабгорони гармшавӣ ва тағйирёбии иқлим шуморида мешаванд. Баръакс, паёмадҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар эҳсос мегардад. Дар ин замина раванди обшавии пиряхҳоро мисол овардан мумкин аст, ки идомаи он метавонад ба ҷомеа ва иқтисоди минтақа оқибаҳои зиёновар расонад. Бо назардошти чунин вазъ Тоҷикистон муҳимтарин созишномаҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла Конвенсияи чаҳорчӯбавии СММ оид ба тағйирёбии иқлим, Протоколи Киото ва Созишномаи Парижро ба имзо расонида, бо кишварҳои шарик ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монда аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро пешниҳод намудааст. Мо аминем, ки ин ташаббусро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар атрофи модели нави рушди иқтисоди сабз кор карда истодааст. Дар ин раванд баланд бардоштани самаранокии энергия ва коркарди захираҳои табиӣ нақши калидӣ мебозад. Тоҷикистон захираҳои бузурги нафту газ дар ихтиёр надорад, он миқдори муайяни мавҷуда дар минтақаҳои кӯҳии душворрас ҷойгиранд. Аз ин рӯ, кишвар истифодаи самараноки гидроэнергетикаро шарти муҳими гузариш ба иқтисоди сабз меҳисобад. Илова бар ин, истеҳсоли тозаи нерӯи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ на танҳо асоси расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи иқтидори содиротии кишвар, балки василаи таъмини устувории зистимуҳитӣ мебошад.
Тасмими табдили Тоҷикистон аз кишвари аграрӣ ба кишвари саноативу аграрӣ бо назардошти маҳз он омил рӯи даст гирифта шудааст, ки кишоварзӣ маъмулан бахши камдаромади иқтисод ба ҳисоб рафта, аҳамияти он дар рушди кишвар танҳо дар сурати муосиркунонии он имконпазир хоҳад буд. Инкишофи зарфиятҳои гидроэнергетикӣ дар рушди кишоварзӣ ва бахсусус саноатикунонии он заминаи муҳим хоҳад шуд. Гузашта аз ин, истихроҷи маъдан, саноатҳои хӯрокворӣ, сабук, сохтмон ва олотсозӣ аз дигар самтҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои табиати хос, мероси ғанӣ ва таърихию фарҳангӣ, мардуми бениҳоят меҳмоннавоз аст. Ин ҳама зарфиятҳои моддиву маънавӣ заминаҳои мусоиди рушди туризми экологӣ ба ҳисоб мераванд. Сармоягузорӣ ба ин омилҳои ба қавле “сабз” дар маҷмуъ ба рушди устувори кишвар мусоидат хоҳанд кард.
“Тавоноӣ дар муттаҳидӣ аст”. Имрӯз Тоҷикистон бештар ба ҳамгироии минтақавӣ ва фаромарзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои ҳамҷавор тамаркуз кардааст. Ҳамгироии иқтисодӣ, муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳо ва ҳифзи муҳити зист аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки Тоҷикистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо ҳамкорӣ мекунад.
Шарти асосии эътимод ва муваффақияти муштарак ба ақидаи Ҳенри Форд “дарки нуқтаи назар ва мавқеи якдигар” ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки эҷоди чаҳорчӯбаҳои иқтисоди бозаргонӣ ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқӣ заминаи асосии резиши сармояи мустақими олмонӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар мебошад. Бо инобати ин Тоҷикистон соли 2013 ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил шуд, барои истифода аз низоми афзалиятҳои гумрукиву андозӣ (GSP+) дархост карда, инчунин ҷиҳати эҷоди кафолатҳои ҳуқуқӣ, татбиқи ислоҳот, таҷдиди санадҳои ҳуқуқӣ пайваста саъй мекунад. Афзоиши ММД дар ҳаҷми солона 7% ва нақшаҳои Ҳукумат барои рушди саноати энергетикӣ ва зерсохторҳои он имкониятҳои воқеӣ фароҳам меоранд, ки зарур аст ба таври муштарак истифода шаванд.
Густариши вазъ дар Афғонистон ва афзоиши таваҷҷуҳ нисбати қочоқи маводи мухаддир, оқибатҳои пандемияи коронавирус ва ифлосшавии муҳити зист барои Ҳукумати Тоҷикистон чун дигар кишварҳо чолишҳое мебошанд, ки зарур аст дар тарҳрезии лоиҳаҳои фаромарзӣ ба онҳо диққати бештар зоҳир шавад.
Дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик фараҳбахш ман ба шарикони олмонии худ муроҷиат карданиам: Равобити иқтисодиву тиҷоратии Олмон ва Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар шакли пурра истифода нашуда, барои ин зарфиятҳои бузург вуҷуд доранд. Рағбати ҷиддии ҷониби Тоҷикистон ба тавсеаи равобити тиҷории Тоҷикистону Олмон бояд самаранок истифода шавад. Тавсия медиҳам, ки аз имкониятҳои мавҷуда ва сармоягузориҳои мустақим истифода бурда, ҳузури ҳарчи бештари иқтисодии худро дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар намоянд. Аз онҳо даъват мекунам, ки бо инобати манофеи мутақобила дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон ширкат намоянд.
Ман инчунин ба ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён ва таҷрибаомӯзони муқими Олмон муроҷиат мекунам: Купруксозону воситачиёни миллати худ бошед, кушиш кунед, то аз муосиртарин дастовардҳои фанниву технологии Аврупо баҳравар гардида донишҳои андӯхтаи худро баҳри миллату ватани хеш сарф кунед.
Ба муносибати ҷашни миллӣ ба кишварам ва мардуми он, ҳамватанони муқими Олмону Лаҳистон, ҳамчунин ба дӯстони тоҷики худ беҳтарин хушиҳо, шукуфоӣ, комёбӣ ва зиндагии хушбахтонаро таманно дорам.
ИСТИҚЛОЛИЯТ МУБОРАК БОШАД!
Соҳибназар Ғайратшо
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон