Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон 

18.09.2021 05:48

17 сентябри 2021 дар Душанбе дар ҳошияи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейнамир Абдуллоҳиён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эронро дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо бар зарурати иҷрои тавофуқоти иҷлоси 14-уми Комиссияи муштарак махсус таъкид карданд. Дар ин замина аҳаммияти афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зикр шуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи комили Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд. 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg