Президент Эмомалӣ Раҳмон ба СММ эълон намудани соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод кард

28.10.2021 09:03

UN-Rahmon.jpgПрезидент Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланди таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим: барои одамон, сайёра ва шукуфоӣ”  ба СММ оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъйини  санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” таъкид кард. 

Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем,  борҳо даъват ба амал овардааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба мақсади пурра гузаштан ба Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об  бо таъкиди хос ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ минбаъд низ саъю талош хоҳад кард. Тоҷикистон дар доираи ин ва дигар чорчӯбаҳои муҳимми байналмилалӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард. Ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.  

Чорабинии мазкур дар пешорӯи Конфронси 26-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид (COP-26), ки 31 октябри соли 2021 оғоз мешавад, баргузор гардид. Ҳадафи асосии он мувофиқа намудани тадбирҳо мутобиқ ба талаботи Созишномаи Париж оид ба иқлим, ки гармшавии глобалиро дар ҳудуди 1,5 дараҷа нигоҳ медоранд, маҳсуб меёбад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg