КОДЕКСИ НАВИ АНДОЗИ ТОҶИКИСТОН:

03.11.2021 14:47

ИМТИЁЗҲОИ БЕШТАР БАРОИ ШИРКАТҲО ВА ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОН

Kahhorzoda.jpgИмрӯз, 3 ноябр вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав қабул карданд.

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии ин лоиҳа таъкид дошт,  ки дар Кодекси нав шумораи андозҳо аз 10 ба 7 расонда, меъёри андоз аз даромад аз 13% ба 12%  кам карда шудааст. Меъёри асосии андоз – ААИ, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии воридоти андоз ба буҷет беш аз 40 %-ро ташкил медиҳад, аз 1 январи соли 2022 аз 18 % то 15% расонида мешавад.

Аз соли 2023 меъёри ин андоз то 14% ва аз 1 январи соли 2027 то 13 %  поин оварда мешавад. Ба гуфтаи Вазир, дар лоиҳаи Кодекс инчунин бисёр навгониҳои дигар ва меъёрҳои нав дарҷ гардидаанд, ки онҳо марҳила ба марҳила ҷорӣ карда мешаванд.

Дар таҳрири нави Кодекси андоз манфиатҳои субъектҳои соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, истеҳсолкунандагон ба назар гирифта шудааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg