Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо мавзеъҳои таърихӣ мавҷуданд. Ин шаҳодати он аст, ки хоки ин диёр муқаддасу пурганҷест. Бар замми он, 93 фоизи ин сарзаминро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кӯҳҳо пур аз ганҷу сарват, маъдану сангҳои қиматбаҳо, ҳайвоноти нодир ва набототи шифобахш мебошанд.
Кӯҳи «Чилдухтарон» - яке аз мавзеъҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ва 80 километр аз маркази шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Баландии он аз сатҳи баҳр ба 2 ҳазор метр мерасад. Кӯҳи сангини Чилдухтарон миёни ду рӯдхонаи кӯчак бар фарози кӯҳ хеле ҷолиб аст.
Кӯҳи «Чилдухтарон» табиати ба худ хос дорад. Бахусус кӯҳҳои ҳайратангези он, ки ба шакли одам шабоҳат доранд, ба масофаи 5-6 метр рост кашида, то 60 метр баландӣ дошта, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунанд. Ин қаторкӯҳҳо аз регсангҳои сурх ва хокистарранг иборатанд.
«Чилдухтарон» аз ҷиҳати баландӣ ва иқлим аз сарватҳои табиӣ, гулу гиёҳҳои шифобахш, ҷонварону паррандагони нодир хеле бой аст.
Тибқи ривоятҳои халқӣ чил ҷавондухтари тиркашу шамшерзан барои ҳифзи номуси худу диёр ҷасурона муқобили лашкари ғосиб мубориза мебаранд ва то нафаси вопасин ба душман муқовимат карда, таслим намешаванд. Баъди задухӯрди зиёде духтарон бо шамшери шикаста ва халтаҳои холӣ аз тир ба кӯҳистон ақибнишинӣ мекунанд. Наздик аст, ки душман онҳоро зинда асир бигирад. Аммо ин ҷавондухтарони покдомани ғаюр ба сӯи Худованд дасти дуо мебардоранд, то онҳоро ба санг мубаддал гардонад ва ба дасти таҷовузгарон наафтанд. Дуои онҳо мустаҷоб мегардад ва чил духтар дар ҷамъ ба кӯҳи сангин бадал мегарданд.
Лашкари ғосиб аз ин ба даҳшат афтода, фавран ин мавзеъро тарк мекунад.
Ин албатта ривоятест дар бораи кӯҳи зебоманзари Чилдухтарон ва воқеияту дар кадом давру замон ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро касе намедонад.
Кӯҳи «Чилдухтарон» яке аз мавзеъҳои назарработарини Тоҷикистон мебошад, ки ҳар як сайёҳи ба кишвари мо сафаркарда албатта аз он ҷой дидан мекунад.