Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори нави Ҳукумат тартиби вуруд ва будубоши шаҳрвандони 52 кишварҳои хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон бекор хоҳад кард. Тибқи ин қарор ва дар асоси низоми яктарафа шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар карда, ба муҳлати то 30 рӯз дар кишвар қарор дошта бошанд. Ин тартиб аз моҳи январи соли 2022 ба қувваи эътибор медарояд. Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед.
Дар баробари ин, бояд ба назар гирифт, ки бақайдгириии шаҳрвандони хориҷии 52 кишвари ба низоми бераводид воридшуда, тибқи қонунгузории ҷорӣ, яъне дар чаҳорчӯби муқаррароти моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва талаботи бандҳои 2 ва 14 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №207, ки мӯҳлати 10 рӯзи кориро дарбар мегирад, ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, тибқи қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон шумораи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бо тартиби соддашуда ҳаққи гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, то 14 кишвари дигар мураттаб карда шуд.